Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАСА барномасозони тоҷикро ба озмун даъват мекунад


Барои иштирок дар озмуни байналмилалии "NASA Space Apps 2022" сабти ном оғоз шудааст.

"Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе бо нашри хабарномае иттилоъ додааст, ки ҳакатони бузургтарин дар ҷаҳон дар Душанбе рӯзҳои 1-2 октябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд қаблан худро дар сомонаи ин озмун сабтином кунанд.

Дар хабарнома гуфта шудааст, "Space Apps ин чорабинии ҷаҳонӣ барои барномасозон, илмомӯзон, тарроҳон, ҳикоянависон, созандагон, технологҳо ва ғайра дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон аст, ки дар он дастаҳо маълумоти ройгон ва дастраси NASA -ро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Замин ва кайҳон истифода мебаранд".

Хароҷоти ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби баргузоркунандагони озмун пардохт карда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ҳакатон 2500 долларро ташкил медиҳад ва агар дастае ба 10 тими беҳтарини ҷаҳон дохил шавад, метавонад ба қароргоҳи NASA дар Амрико равад.

Ба гуфтаи манбаъ, хоҳишмандон метавонанд ба таври гуруҳӣ дар озмун ширкат кунанд. Шарти асосӣ ин аст, ки дастаро дар саҳифаи интернетии Space Apps: spaceappschallenge.org сабти ном кунанд.

Лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби доварони маҳаллӣ барои муайян кардани номзадҳои ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон баҳогузорӣ хоҳанд шуд ва сипас коршиносони NASA онҳоро баррасӣ карда, барандагони ҷоизаи ҷаҳониро эълон мекунанд.

XS
SM
MD
LG