Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба расонашиноси тоҷик иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода нашуд


Акси Тимур Тимерханов аз саҳифаи фейсбукии Азия-Плюс
Акси Тимур Тимерханов аз саҳифаи фейсбукии Азия-Плюс

Тимур Тимерханов, як рӯзноманигор ва расонашиноси тоҷикро иҷозат надоданд, ки ба Қирғизистон ворид шавад. Тимерханов мегӯяд, шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад ва 21 сентябр бо шиносномаи русӣ аз Санкт-Петербург ба Бишкек сафар карда буд.

Тимур Тимерханов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ба хотири онки дар шиносномаи русиаш ҷойи таваллуд Тоҷикистон нишон дода шудааст, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд.

“Вақте диданд, ки дар шиносномаи зодгоҳи ман Тоҷикистон навишта шудааст, дарҳол пурсиданд, ки "оё душаҳрвандӣ дорам"? Ман тасдиқ кардам. Сарҳадбонон шиносномаи тоҷикии маро пурсиданд ва онро пешниҳод кардам. Онҳо ба тафтиши шиноснома сар карданд ва ин кор бисёр тӯл кашид. Муддати дароз ба ман нафаҳмонданд, ки барои чӣ маро нигоҳ доштаанд. Аввал маро дар ошёнаи якуми терминал нигоҳ медоштанд, баъд ба ошёнаи дуюм бароварданд. Мегуфтанд, ки "мунтазир бош". Ин кор қариб 4 соат давом кард,” - гуфтааст Тимур Тимерханов.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, як рӯз дар фурудгоҳи “Манас” истод ва дар ин муддат барояшон обу ғизо надоданд. Ба гуфтаи Тимур Тимерханов, ӯ бо хатсайри ширкати “Уралские авиалинии” ба Бишкек омада буд ва парвози навбатии ин ширкат ба Санкт-Петербург рӯзи 24 сентябр буд. Тимерханов мегӯяд, ӯ наметавонист чор рӯз дар фазои бастаи фурудгоҳ истад ва ба ин хотир маҷбур шуд аз ҳисоби худ билет харида, ба Маскав парвоз кунад. Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, ӯ бо кори шахсиаш барои 6 рӯз ба Қирғизистон омада буд.

Қирғизистон моҳи майи соли гузашта баъди як муноқиша дар сарҳад, марзҳои худро ба рӯи Тоҷикистон баст. Баъд аз ин қарор шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя ба мушкил дучор шуданд. Аз ҷумла, 25 майи соли гузашта як ҳавопаймои "Сомон Эйр" наздик ба дусад нафарро ба Бишкек бурд, вале пас аз чаҳор соати интизорӣ бо мусофиронаш дубора ба Душанбе баргашт. Ин мусофирон, ба гуфтаи худашон, бояд аз Бишкек ба шаҳрҳои Русия парвоз мекарданд.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG