Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ хост, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон шаш сол зиндонӣ шавад


Додситонӣ талаб кард, ки Кайрат Сатибалдӣ, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба 6 сол зиндон маҳкум шуда, ҳамчунин молу мулкаш мусодира шавад.

Сатибалдӣ дар додгоҳ гуфт, ки аз мурофиа ҷонибдорӣ мекунад. "Муҳтарам судя, ҳар чизе, ки додситон гуфт, ҳар чизе, ки дар созиши мурофиа ҳаст, ман чизи дигаре ба он илова карданӣ нестам", - гуфт Сатибалдӣ.

Пештар аз ин Сатибалдӣ дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкати "Қазоқтелеком" ва "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистонро эътироф карда буд.

Бародарзодаи Назарбоев дар азхудсозии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт" айбдор мешавад.

Сатибалдӣ дар додгоҳ ҳарфе назад, аз номи вай вакилони мудофеи ҷониби ҷабрдида гуфтанд, ки "Сатибалдӣ айбҳои эълоншударо эътироф кардааст".

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасии парвандаи Кайрат Сатибалдиро 16 сентябр оғоз кард.

Бино ба хабари расонаҳои Қазоқистон, Сатибалдӣ ба “расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифода аз боварӣ” ва “азхудкунӣ ё дуздидани моли мулки ғайр" айбдор мешавад.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 марти имсол Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сатибалдии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Дар хадамот гуфта буданд, ки Кайрат Сатибалдӣ "ба халалдор кардани амнияти давлат" низ айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сатибалдиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сатибалдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG