Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сокинони Алмаато иҷозаи гирдиҳамоӣ надоданд


Ҳукумати шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба сокинон иҷоза надод, ки зидди интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Фаъолони шаҳрвандӣ ва "Эътилофи неруҳои демократӣ" мехостанд, гирдиҳамоӣ кунанд.

"Мо аз ҳукуматҳои шаҳрҳои Алмаато ва Остона ҷавоби рад гирифтем. Ҳарчанд қонун пешбинӣ кардааст, ки дар сурати мавҷуд набудани имкони баргузории гирдиҳамоӣ дар макони дархостшаванда, мақомот бояд ҷойи дигарро пешниҳод кунанд", - гуфт Мухтор Тайжан, яке аз фаъолон.

Сокинон Алмаато нахуст мехостанд, рӯзи 17 сентябр гирдиҳамоӣ кунанд, аммо рӯзи 14 сентябр мақомот ба онҳо иҷозаи расмӣ надоданд.

Арайлим Назарова, яке аз дигар фаъолон гуфт, "тасмим доштанд, дар гирдиҳамоӣ талаб кунанд, ки интихоботи пеш аз муҳлат баргузор нашавад, як давраи 7-солаи президентӣ тасдиқ нагардад ва ҳамаи маҳбусони сиёсӣ озод карда шаванд".

XS
SM
MD
LG