Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои президенти Қирғизистон ҳавопаймои "Bombardier" мехаранд


Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук сафари раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов (Жапаров)-ро ба шаҳри Ню-Йорки Амрико бо ҳавопаймои хусусӣ шарҳ дод. Ба гуфтаи Султонбоев, парвоз бо "Bombardier Global Express XRS" санҷишӣ ва бепул буд.

"Аввали сол хабар дода будем, ки Қирғизистон барои сафарҳои хориҷӣ як ҳавопаймои нав мехарад. Мо ба Амрико бо "Bombardier Global Express XRS" ройгон рафтем. Он парвози санҷишӣ буд. Ҷониби Қирғизистон танҳо сӯзишворӣ додааст. Созишнома ҳосил шуд ва агар ҷониби Қирғизистон аз хидматрасонӣ қаноатманд бошад, ҳавопаймо тариқи лизинг харида мешавад. Ҳавопаймо ҳамчун ҳавопаймои рақами 1 барои парвозҳо ба сафарҳои хориҷӣ истифода хоҳад шуд”, -- навиштааст Султонбоев.

Султонбоев гуфтааст, ҳавопаймои "Ту-154", ки президенти Қирғизистон дар гузашта бо он парвоз мекард, сӯзишвории зиёд харҷ мекунад.

Сухангӯи президенти Қирғизистон шарҳ надодааст, ки ҳавопаймои нав чи қадар арзиш дорад ва он бо пули кӣ харидорӣ хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG