Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чаро сарбозонро ба Қирғизистон доданд


Акс аз сомонаи ВКД
Акс аз сомонаи ВКД

Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чаҳор низомии асируфтодаи Қирғизистонро ба кишварашон бозгардондаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри хабарномае гуфт, низомиён шаби 19-уми сентябр "аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон дода шуданд.”

Шоми 19-уми сентябр Қамчибек Тошиев, пас аз гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов гуфт, Тоҷикистон чаҳор сарбози он кишварро аз асорат раҳо кард. Ӯ афзуд, яке аз сарбозон захмӣ буда, вазъи се нафари дигар қаноатбахш аст, вале онҳоро ба бемористон бурдаву муоина мекунанд.

Дар хабарномаи ВКД-и Тоҷикистон омадааст, низомиёни Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, Ҷамолиддин Тӯйчиев, Машраб уулу Нурбек ва Асылбек уулу Рустамбек “зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди марзи давлатии Тоҷикистон дастгир шуда буданд.”

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байнулмилалӣ низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд.”

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сар зад ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт. Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин муноқишаи хунин айбдор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG