Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони қарақалпоқистониро дар Алмаато ба ҳабси пешакӣ гирифтанд


Се фаъоли боздоштшудаи қарақалпоқистониро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Дар ин бора намояндаи ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар Алмато Оқилбек Муродбой хабар дод.

Ҳукмро Додгоҳи байниноҳиявии Алмаато содир карда, ба ин тартиб Қошқарбой Торемуратов, Жангелдӣ Жақсимбетов ва Раиси Худойберганова 40 рӯз дар ҳабси пешакӣ хоҳанд монд.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки Раиса Худойбергенова, яке аз фаъолони Қарақалпоқистон дар вилояти Алмаатои Қазоқистон боздошт шудааст. Қаблан низ дар Алмаато ду фаъоли дигари қарақалпоқистонӣ дастгир шуда буд.

Бино ба хабарҳо, Худойбергенова, ки ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Қазоқистон кор мекард, дар коргоҳаш дастгир шудааст.

Нашрияи "Власт"-и Қазоқистон менависад, Худойбергенова дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мешавад. Зидди фаъолони дигари қарақалпоқистонӣ Жангелдӣ Жақсимбетов ва Қошқарбой Торемуратов, ки қаблан дар Алмаато боздошт шуда буданд, бо чунин иттиҳом айб эълом гаштааст.

Ба иттилои “Власт”, фаъоли ҷамъияти қарақалпоқистониҳо Оқилбек Муродбой дар Алмаато гуфтааст, Худойбергенова бо ӯ тамос гирифта, аз омадани қудратиҳо ба маҳалли кораш хабар додааст.

Пулиси Алмаато то ҳол боздошти қарақалпоқистониҳоро шарҳ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG