Дар чанд ҷумла
Филми нави Ҳай Давидов ва синамогарони Узбекистон

Ҳай Давидов, ҳунарпешаи исроилӣ ва муассиси театри мазҳакавии “Ханда-ханда”-и яҳудиҳои бухороӣ, бо студияи "Узбекфилм" ёддошти тафоҳум дар бораи наворгирии филми муштараке бо номи “Тӯй муборак” имзо кард.
Маросим рӯзи 16-уми сентябр дар Тошканд барпо шуд ва зери ин санад Ҳай Давидов, ба ҳайси ҳаммуаллифи филм ва аз ҷониби Узбекистон Фирдавс Абдухолиқов, раиси кулли Оҷонси синамогарони Узбекистон имзо гузоштанд.
Дар қадами баъдӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад ва нақша ин аст, ки соли оянда ин филм наворгирию таҳия шавад. Коргардони филм Одед Раз ва яке аз продюсерҳо Адар Шафран аз Исроил мебошанд. Харҷи пардохти филм миёни ду кишвар тақсим мешавад.
Ҳай Давидов, ки дар Исроил дар оилаи яҳудиҳои Бухоро тарбия ёфтааст, мегӯяд, аз имконияти ҳамкорӣ бо синамогарони Узбекистон интизороти хубе дорад. Ӯ мегӯяд, мазҳакаи тахайюлӣ бо ширкати бародараш Ронен Давидов ва эҷодкорони дигари яҳудӣ таҳия шуда, саргузаштҳои солҳои 1990-91-уми замони тарки Иттиҳоди Шӯравӣ кардани ҷамъияти яҳудиҳои Бухороро тасвир мекунад.
Қисса аз ишқи духтаре - овозхони яҳудӣ ва ҷавони мусиқинавози мусалмон қисса мекунад, ки ҳарду дар як ансамбли ҳунарӣ бо ҳам кор мекунанд. Баъди як сол меваи ин ишқ – писаре дар Исроил чашм ба дунё мекушояд.
Ҳай Давидов, ки ҳамроҳ бо Ронен муаллифи сенарияву ҳампродюсерҳои ин филм мебошад, дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми сентябр гуфт, дар зиндагии воқеӣ “ишқи як яҳудиву як мусалмон имконпазир ҳам бошад, издивоҷи ин ду ба хотири анъанаву расму русумҳои муҳофизакоронаи диниашон шояд мушкил аст”.
“Вале мо бо ин филм мехоҳем, нишон бидиҳем, ки инсон дар ҳар ҷойи дунё ҳамон инсон аст, - гуфт Ҳай Давидов. - Мо, яҳудиҳои бухороие, ки дар Тоҷикистону Узбекистон зиндагӣ кардаем, бо ин мардум якҷону якдил ҳастем, мисли бародар ҳастем, меҳру муҳаббати баланд дорем бо ин ду халқ. Вале қиссаи ишқи ин ду ҷавон дар филм роҳҳале дорад, ки ман онро махфӣ нигоҳ медорам ва вақте фурсаташ расид, тамошобин худ онро мебинад”.
Давидов дар баробари кор дар театри “Ханда-ханда”-аш инчунин дар филмҳои зиёде дар Исоил нақш бозӣ кардааст ва яке аз охирин филмҳо бо иштироки ӯ моҷарои ҷосусии “Теҳрон” аст, ки соли 2020, дар авҷи давраи пандемияи коронавирус дар шабакаи Netflix нашр шуд.
Ӯ мегӯяд, баъди марҳилаи сангини пандемия, ки ба нақшаҳои сафараш ба Тоҷикистон ҳам осеб расонид, умедвор аст, ки ниҳоят ба дидор бо ҳаводоронаш ба Душанбе ҳам меравад. Ин сафар, ки бо мусоидати ширкати JM-и бародарон Муродовҳо барпо хоҳад шуд, то баҳори соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Ӯ гуфт, пазмони тамошобинони тоҷикистониаш шудааст ва умедвор аст, ки ин нақшааш бе ҳеҷ садду мушкиле ҷомаи амал мепӯшад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
ИМА ба кишварҳо барои муомила дар мавзӯи таърифаҳо мӯҳлат дод

ИМА аз кишварҳое, ки мехоҳанд дар заминаи таърифаҳо муомила кунанд, хостааст, то рӯзи чоршанбе пешниҳодҳои худро фиристанд. Оҷонсии Reuters рӯзи 2 июн бо такя ба манбаъҳояш гуфт, Кохи Сафед ният дорад музокираҳоро дар заминаи таърифаҳо то 8 июл ба анҷом расонад.
То ҳол танҳо бо Бритониё як созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Вазорати тиҷорати Чин ИМА-ро дар нақзи ҷиддии созиши тиҷоратӣ айбдор карда барои ҳимоят аз манфиатҳояш таҳдид намуд, ки тадбирҳои қотеъ рӯи даст мегирад.
Чин гуфтааст, ки ҳафтаҳои ахир ҷониби Амрико чандин қарорҳои табъйизӣ ҷорӣ намуд, ки бо мувофиқаҳои пешина дар ихтилоф аст ва ба манфиатҳои қонунии Пекин зарба мезанад.
Вазорати тиҷорати Чин аз он ёдовар шуд, ки мақомоти ИМА аз истифодаи чипҳои Huawei дар давлатҳои дигар ҳушдор дода, фурӯши барномаҳои чипсозӣ ба ширкатҳои чиниро бас кард ва таҳдид намуд, ки донишҷӯёни чиниро аз визаи таҳсил дар ИМА маҳрум мекунад.
Дар Узбекистон мардеро барои ширкат дар ҷанги зидди Украина зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар Узбекистон як марди 28-соларо барои ширкаташ дар ҷанги зидди Украина аз рӯи моддаи «зархаридӣ» ба мӯҳлати чор солу 50 рӯз аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора рӯзи 3 июн радиои Озодлик хабар дод.
Исми ин мард нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ варзишгар буда, дар мурофиа гуфтааст, ки мехост дар муҳорибае иштирок кунад. Маҳкумшуда нақл кардааст, ки баъди аз даст додани пулу молаш дар Узбекистон хостааст дар хориҷа дар муҳорибае иштирок ва пул кор кунад. «Аз роҳи интернет дар Маскав як чунин мусобиқаеро ёфтам.
Ба ман ваъда доданд, ки ҳама хароҷотамро мепӯшонанд. Рӯзи 30 майи соли 2024 парвоз карда бо мудирон вохӯрдам. Онҳо гуфтанд, ки муҳориба бекор шудааст ва ман бояд тамоми пулро баргардонам.
Ман пуле надоштам ва онҳо ҳам шиносномаамро аз дастам гирифтанд». Ӯ гуфт, баъди ин барои додани қарзҳояш бо вазорати дифои Русия қарордод имзо кард, ки ба ҷанг меравад. «Ман аз онҳо пурсидам, ки оё пулашро якбора ба дастам медиҳанд ё на, онҳо гуфтанд, ки ҳамон замон медиҳанд. Онҳо тасдиқ карданд.
Ман аз арманиҳо шиносномаамро гирифтаму қарзамро пардохт кардам ва ба мӯҳлати як сол созишномаи хидмат дар артишро имзо кардам», гуфт марди узбекистонӣ.
Дар вазорати дифои Русия ба ӯ гуфтаанд, ки кораш аз таъмири васоили фаннӣ иборат мешавад, аммо баъди имзои қарордод, ӯро ба Луҳанск фиристоданд. Моҳи августи соли 2024 ба ҷанг равон карданд ва он ҷо ӯ баъди як муддат дар натиҷаи ҷароҳати чашмаш онро пурра аз даст дод.
Ӯ барои барқарор кардани чашмаш 60 рӯзи истироҳат гирифт, вале ба Узбекистон баргашту он ҷо ба ҳабс маҳкум шуд.
Дар Туркия як фаъоли туркман бо истирдод ба Ашқобод рӯбарӯ аст

Дар Туркия як фаъоли туркманистонӣ Умеда Бекҷоноваро боздошт кардаанд. Дар ин бора раҳбари созмони мухолифони “Кумитаи наҷоти миллӣ” Холмурод Союнов ба нашрияи Turkmen.News хабар дод.
Союнов гуфт, ки Бекҷоноваро афроди мулкипӯши ношинос боздошт карда ба маркази депортатсионӣ интиқол доданд ва баъдан гуфтанд, ки ӯро ба фурудгоҳ ва аз он ҷо ба Туркманистон интиқол медиҳанд. Умеда Бекҷонова дар Туркия чандин соли охир қонунӣ зиндагӣ ва кор мекард.
Ӯ як мунаққиди фаъоли ҳукумати Туркманистон аст сохторҳои амниятӣ чандин бор талош кардаанд аз роҳи фишор ба ӯву хешовандонаш монеи фаъолиятҳои сиёсии ӯ шаванд. Аз ҷумла, писари хурдии ӯро боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва бо барқ шиканҷа кардаанд.
Писараш ҳоло дар зиндон мебошад. Союнов гуфтааст, ба умеди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мебошад, то ки Бекҷоноваро ба Туркманистон истирдод накунанд. Дар гузашта мақомоти Туркия дар чандин ҳолат мухолифон ва мунаққидони Туркманистонро ба Ашқобод таслим кардаанд.
Русия ва Украина ба мубодилаи зиндониён мувофиқат карданд

Намояндагони Украина ва Русия дар ҷараёни даври дувуми музокироти мустақими сулҳ, ки рӯзи 2 июн дар Истанбул сурат гирифт ва беш аз як соат давом кард, ба табодули густурдаи зиндониён мувофиқат карданд. Аммо дар ин музокирот созиши дигаре ҳосил нашудааст.
Ин даври музокирот дар ҳоле анҷом шуд, ки ҳамлаҳои ҳавоии ҳар ду тараф идома дорад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия пас аз музокироти 2 июн гуфт, ки нишаст тамом шуд.
Пеш аз нишаст, коршиносон гуфта буданд, ки ба назар мерасад ҳар ду тараф ҳанӯз аз ҳам фосилаи зиёд доранд ва эҳтимоли даст ёфтан ба оташбас бисёр кам ба назар мерасад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, рӯзи 1 июн дар тамоси телефонӣ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ, дархости Доналд Трампро дар бораи идомаи музокироти мустақим "барои даст ёфтан ба сулҳи пойдор", такрор кардааст.
Зодаи Тоҷикистон барои гирифтани хонааш ба додгоҳ муроҷиат кард

Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистон, ки баъд аз соҳиби хона шуданаш дар Русия сабаби баҳсу даъвоҳо шуда, баъдан худи ӯро барои қаллобӣ боздошт карданд, барои гирифтани манзилаш ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар сомонаи худ хабар дод, ки мурофиаи аввал рӯзи 29 май баргузор шуд ва рӯзи 30-юм май додгоҳ даъвои Таҳмина Самадоваро шунид. Таҳқиқи даъво идома дорад.
Рӯзи 13-уми январ ба Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, 24 миллион рубл маблағи хариди хона доданд. Ӯ модари ҳашт фарзанд аст.
Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа ва миллатгароҳо манзилро аз Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба тақаллубкорӣ муттаҳам карданд.
Дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир шуд.
Бо сабаби ҳомила буданаш, ӯро то поёни баррасии парванда озод кардаанд. Таҳмина Самадова 14 сол боз шаҳрвандии Русияро дорад.
Ҳабси даҳҳо корманди шаҳрдорӣ бо гумони ришваву тамаъҷӯӣ

Додситонии кулли Туркия ба боздошти 47 корманди шаҳрдории Истанбул амр дод, ки дар гирифтани пора ва тамаъҷӯӣ гумонбар мешаванд. Нашрияи маҳаллии Haberturk рӯзи 31 май навишт, ки боздоштҳо дар доираи парвандаи зидди коррупсияи шаҳрдор Акрам Имомоғлу сурат гирифтааст. Аз миёни ин мақомдорон 31 нафарашон аллакай ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо раисони ноҳияҳои Бешиктош ва Буюкчекмаҷа мебошанд.
Тафтишот гуфтааст, ки раиси ноҳияи Буюкчекмаҷа Ҳасан Оқгуна ва зердастонаш аз ширкатҳо талаб мекарданд, ки ба номи як тими баскетболи маҳаллӣ хонаҳоро “тақдим” ваё “хайр кунанд”. Агар ширкатҳои сохтмонӣ ин талабҳоро иҷро намекарданд, ба онҳо иҷозаи сохтмон дода намешуд. Феълан тасдиқи дурустии ин иттиҳомҳо тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад.
Акрам Имомғлу, ки моҳи марти имсол боздошт шуд, рақиби асосии сиёсии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст ва ҳамроҳ бо ӯ он замон беш аз 100 нафар, аз ҷумла сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон боздошт шуданд.
Дар додситонии Туркия гуфтанд, ки шаҳрдори Истанбул ва “бисёр дигар мақомдорон” аз соҳибкорон пора талаб мекарданду даромади ғайриқонунӣ ба даст меоварданд. Вале гурӯҳҳои мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Туркия ин ҳабсу таъқибҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида иттиҳомҳоро сохтаву бофта номидаанд.
Аз ин пеш донишгоҳи Истанбул гуфт, ки дипломи хатми ин донишгоҳро, ки Имомоғлу дорад, бекор мекунад, чунки он ҷо “як иштибоҳи возеҳе” роҳ ёфтааст. Агар дипломи шаҳрдор, ки шарти муҳими номзадӣ ба президентӣ мебошад, бекор карда шавад, Имомоғлу аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум мешавад.
Нашри аксҳои баъди ҳамлаи паҳподҳо ба фурудгоҳи стратегӣ

Аксҳои маҳвораӣ ва дигар манбаъҳо тасдиқ мекунанд, ки дар паи ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ ба фурудгоҳҳои Русия на камтар аз даҳ ҳавопаймои бомбаандози стратегии ин кишвар нобуд карда шудааст. Таҳлилгари фанновариҳои нав Крис Биггерс рӯзи душанбе аксҳои маҳвораиеро аз фурудгоҳи Белая дар вилояти Иркутск нашр кард, ки баъди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ бардошта шудаанд.
Дар ин аксҳо дида мешавад, ки дар ин пойгоҳи ҳавоӣ чор ҳавопаймои бомбаафкани навъи Ту-95 ва ҳамин қадар ҳавопаймои Ту-22 нобуд карда шудааст. Феълан чунин аксҳо дар робита бо вазъи пойгоҳи ҳавоии Оленйя дар вилояти Мурманск дар даст нест, вале аз рӯи наворҳои дронҳое, ки онро Хадамоти амнияти Украина нашр кард, дида мешавад, ки нирӯҳои украинӣ ҳамлаҳои бесобиқаеро ба фурудгоҳҳои Русия анҷом додаанд.
Корбаре бо номи Intelshizo дар бораи нобуд карда шудани 7 бомбаандози стратегии Ту-95 (боз як ададаш осеб дидааст), 4 бомбаафкани стратегии Ту-22 ва як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии навъи Ан-22 дар фурудгоҳҳои Белая ва Оленйя хабар додааст.
Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ба фурудгоҳҳои чандин вилояти Русия “34% ҳавопаймоҳои мушакандоз дар қароргоҳҳои асосии фурудгоҳҳои Русия осеб дидаанд”, яъне 43 адад. Феълан имкони санҷидани дурустии ин изҳорот тавассути манбаъҳои мустақил вуҷуд надорад.
Дар бораи нобуд карда шудани ҳавопаймоҳо дар вилоятҳои Мурманск ва Иркутск далелҳои собитшуда дар даст ҳаст. Вазорати дифои Русия гуфт, ҳамлаҳо ба вилоятҳои Иваново, Рязан ва Амур, ки дар бораашон украиниҳо хабар доданд, безарар гардонида шудаанд.
Аз панҷ қурбонии садамаи мудҳиши нақлиётӣ чор нафарашон варзишгарони мактаби гӯштии Суғд будаанд

Аз панҷ мусофири садамаи маргбори нақлиётии ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд чаҳор нафарашон варзишгарони Мактаби гӯштии кохи варзишии “Ланглиф” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд.
ВКД Тоҷикистон навишт, ки дар ҳодисаи бархурди мошини мусофирбари “Опел-Комбо» ба автомашинаи «Опел-Зафира» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 29 май панҷ нафар ҷон бохтааст. Манбаъ мегӯяд, бар асари бархурди мошинҳо сӯхтор сар зада дар ҳар ду мошин ронанда ва мусофирони «Опел-Зафира» Ҷумъаҳмедов А.Қ., ноболиғони 16-сола Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода, Ҳадятулло Сулаймонов, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, инчунин мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Обидҷон Обидови 31-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД мегӯяд, ронандаи «Опел-Комбо», Қурбанбоев Д.А. ва се нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Зафира» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Дар саҳифаи фейсбукии мактаби варзишии “Ланглиф” аз ҳодисаи даргузашти фоҷеабори варзишгарони ин муассиса изҳори ҳамдардӣ шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, Атохон Ҷумъаҳмедов мураббии муассиса буда, Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода ва Ҳадиятулло Сулаймонов дастпарварони ин мактаби варзишӣ будаанд.
Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон як мушкили дерина ва дарднок дониста мешавад. Ҳар сол садҳо нафар дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон ҷон медиҳанд.
Рӯзи 20 май дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳам садамаи мудҳише рух дод, ки боиси марги панҷ нафар гардид. Дар он ҳодисадар роҳи Душанбе-Хоруғ ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.
Як чеҳраи миллигаро барандаи интихоботи президентии Лаҳистон шуд

Комиссияи интихоботи Лаҳистон субҳи 2 июн аз поёни шумориши орои марҳилаи дувуми интихоботи президентӣ дар ин кишвар хабар дод ва Карол Навроский, таърихшиноси миллигароро баранда эълон кард.
Бар асоси омори ин комиссия, Карол Навроский 50,97 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва Рафал Тшасковский, шаҳрдори Варшава ва тарафдори Иттиҳоди Аврупо, бо касби 49,11 дарсади оро, аз ӯ шикаст хӯрд.
Нашри натиҷаҳо дар тӯли шаб ҳикоят аз рақобати шона ба шонаи ин ду номзад дошт ва раъйпурсӣ дар оғоз Тшасковский ва сипас Навроскийро пешсаф эълон кард.
Навроскийи 42-сола ва Тшасковскийи 52-сола дар суханрониҳои худ дар миёни тарафдоронашон дар шаби гузашта, бовар доштанд, ки барандаи интихобот хоҳанд буд.
Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон 1 июн баргузор шуд.
Ин интихобот бо ҳассосиятҳои зиёде пайгирӣ шуд ва натиҷаи он метавонад паёмадҳои муҳиме барои нақши ин кишвар дар Аврупо дошта бошад.
Лаҳистон узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аст ва пуштибон асосии Украина, ҳамсояи худ, дар ҷанги Русия алайҳи ин кишвар будааст.
Ғазза. Ҳалокати беш аз 30 тан дар ҳамлаи Исроил ба як маркази тақсими ғизо

Мақомҳои фаластинӣ дар Ғазза гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои нави Исроил дар Рафаҳ, дастикам 31 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Масъулини бахши тандурустӣ гуфтанд, ки сарбозони исроилӣ рӯзи якшанбе ба сӯи касоне, ки барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона саф кашида буданд, тирандозӣ карданд.
Ниҳоде бо номи "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" дар Рафаҳ, дар ҳоли тақсими кӯмакҳо ба мардум аст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълон кардааст, ки тимҳои ин ниҳод ҷасадҳои дастикам 23 нафарро аз маҳал интиқол доданд.
Артиши Исроил гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳо дар бораи ҳамла ба фаластиниҳо дар наздикии яке аз марказҳои тақсими кӯмакҳо аст.
Аммо дар мавриди ин, ки оё талафот бар асари тирандозии нерӯҳои исроилӣ буда ё на, ибрози бехабарӣ кардааст.
"Бунёди башардӯстонаи Ғазза", қароргоҳаш дар Амрико, гузоришҳо дар бораи талафоти инсонӣ дар наздикии маркази тақсими кӯмакҳо дар Рафаҳро рад карда, гурӯҳи "Ҳамос"-ро ба пешниҳоди маълумоти "сохта", муттаҳам кардааст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Аврупо мегӯяд, ки ба таърифаҳои Трамп посухи монанд медиҳад

Комиссияи Аврупо мегӯяд, ки ин иттиҳодия омодаи рӯи даст гирифтани чораҳои монанд дар баробари афзоиши таърифа ё боҷҳо аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст.
Трамп рӯзи 30 май таърифаҳо бар вориди фӯлод ва алюминиюми аврупоиро аз 25 дарсад ба 50 дарсад афзоиш дод.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як масъули Комиссияи Аврупо, ки номашро зикр накардааст, хабар медиҳад, ки агар музокирот ба натиҷа нарасад, ин иттиҳодия таърифаҳо бар маҳсулоти амрикоиро аз 14 июн афзоиш хоҳад дод.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, вазъияти кунунӣ заминаеро барои як ҷанги тиҷории эҳтимолӣ байни ду иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ -- Амрико ва Аврупо, ҳамвор кардааст.
Ҳафт кушта ва даҳҳо захмӣ дар садамаи қатори мусофирбарӣ дар Русия

Мақомҳои Русия мегӯянд, ки бар асари фурӯ рехтани як пул бар рӯи як қатори мусофирбарӣ, ҳафт нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ҳодиса шаби 31 май соати 22:44 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Ба гуфтаи мақомоти роҳи оҳани Русия, қатораи мусофирбар, ки аз Маскав ба самти Климов ҳаракат мекард, дар вилояти Брянск ба садама дучор шуд.
Губернатори Брянск Александр Богомаз гуфт, ки дар баробари кушташудагон дар ин ҳодиса, дастикам 69 мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Вай дар Telegram навишт, ҳамаи хадамоти изтирорӣ ва масъулон дар ҷои ҳодиса кор мекунанд ва афзуд, ки ҳодиса соати 22:44 дар ноҳияи Вигоничский, тақрибан 100 километр дуртар аз марзи Украина, рух додааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар миёни ҷонбохтагон ронандаи тепловоз низ будааст.
Тибқи гузоришҳо, таҳқиқот дар бораи сабабҳои ин ҳодиса оғоз шуда ва дигар мусофирони ин қатор ҳам ба як маҳали зисти муваққат интиқол дода шуданд.
Толибон мегӯянд, Тоҷикистон наздик ба 50 паноҳандаи афғонро ихроҷ кардааст

Мақомоти ҳукумати Толибон аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷири афғон аз Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир, хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол мавзуъро шарҳ надодааст. Манбаъҳои наздик ба муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, хабари ихроҷи ин паноҳандагонро тасдиқ карданд.
Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон рӯзи 31 май дар хабарномае эълон кард, ки 49 муҳоҷири афғон рӯзҳои 28-29 май "ба сабабҳои номаълум", аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Ба гуфтаи ин вазорати таҳти назорати Толибон, ин муҳоҷирон ду рӯз пеш аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз, ба кишварашон бозгардонида шуданд. Бандари Шерхон бо Панҷи Поёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Толибон гуфтаанд, ки 36 тан аз ин афрод корти иқомати Тоҷикистон ва 12 тани дигар гузарнома ва виза доштаанд. Вазорати муҳоҷирати ҳукумати Толибон таъкид кардааст, ки сабаби ихроҷи ин афрод "номаълум" аст.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд ва масъаларо шарҳ надодаанд.
Як манбаи наздик ба муҳоҷирони афғон дар Душанбе бо тасдиқи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта ҳам боздошти паноҳандагони афғонистонӣ идома доштааст, вале маълум нест, ки оё касе аз дастгиршудаҳоро ихроҷ кардаанд ё не.
Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин низ даҳҳо муҳоҷири афғонро аз ин кишвар берун карда буд. Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи апрел ҳудуди 50 тан аз муҳоҷирони афғон тайи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт ва ба кишварашон баргардонида шуданд.
Он замон шуморе аз муҳоҷирони афғон нигаронӣ карданд, ки Тоҷикистон теъдоде аз онҳоро, ки дар Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, низ сабт буданд, аз ин кишвар берун кардааст.
Онҳо бо нигаронӣ аз ин вазъият, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки бинобар ҳолати феълӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон, тасмимҳои худ роҷеъ ба ихроҷи паноҳандагони афғонро бозбинӣ кунанд.
Ҳазорон паноҳҷӯи афғон аз чанд даҳсола ба ин тараф, ба вижа пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.
Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаон, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз ин афрод, санад ва корти паноҳандагӣ доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.
"Раҳбари Толибони Покистон дар як ҳамла захмӣ шудааст"

Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон, дар як ҳамла захмӣ шудааст.
Манбаъҳои покистонӣ мегӯянд, як фарди ношинос, ки савори дучарха буд, дар Афғонистон бо партоби бомбаи дастӣ, ба Муфтӣ Нур Валӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло ӯ дар бемористон бистарӣ аст.
Ин манбаъҳо дар бораи замон ва макони дақиқи ин ҳамла чизе нагуфтаанд.
Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд дар соли 2018 пас аз кушта шудани раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Мулло Фазлуллоҳ, раҳбарии ин гурӯҳро ба дӯш гирифт.
Таҳти раҳбарии Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд, Таҳрики Толибони Покистон масъулияти чандин ҳамлаҳои террористии маргборро дар саросари Покистон ба ӯҳда гирифтааст.
Ҳалокати 5 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар Суғд

Бар асари бархӯрди ду мошини сабукрав дар ноҳияи Ҷаббори Расулови вилояти Суғд, панҷ нафар ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 29 май рух додааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ронандаи мошини "Опел-Комбо" ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия ба тарафи муқобили роҳ баромада, ба худрави "Опел-Зафира" бархӯрдааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа ҳар ду худрав оташ гирифта, ронанда ва се мусофири худрави "Опел-Зафира" ва ҳамчунин як мусофири "Опел-Комбо" дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Манбаъ афзуд, ки ронандаи худрави "Опел-Комбо" ва се мусофири "Опел-Зафира" бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.
Аз ҷумла, рӯзи 26-уми май дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳафтаи гузашта як мошин дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Ду нафар аз мусофирон наҷот ёфтанд ва се нафар ҳанӯз нопадид ҳастанд.
Гуфтугӯ