Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи аввали мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 19-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони тоҷик ба поён расид.

Ба барномаи мусобиқаи имсола рақобатҳо миёни мардон дар панҷ вазн (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) ва миёни занон дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) дохил аст.

Рӯзи аввали мусобиқа – 19-уми сентябр – мардон дар ду вазн (-66 кг, -81 кг) ва занон низ дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) рақобат карданд.

Дар сабқати мардон дар вазни то 66 кило, ки ҳамагӣ 31 нафар мубориза бурд, паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар финал Обид Ҷебови русиягиро шикаст дод. Дар ин вазн Дилшодбек Юлдошев ва Артём Штурбанин, ҳарду аз Узбекистон, барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар рақобатҳо миёни мардон дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 28 гуштигир иштирок дошт, паҳлавони дигари тоҷик Ҳамроз Раҷабов ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ Меҳдӣ Фатҳии эрониро мағлуб кард. Дар ин вазн Рамазон Аллабердиев аз Узбекистон ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон дар вазни то 57 кило гуштигирони тоҷик Шоҳида Қаландарова, Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева мутаносибан се ҷойи аввалро гирифтанд.

Дар рақобатҳо миёни занон дар вазни то 63 кило низ варзишгарони тоҷик Мавлуда Одинаева, Ҷонона Назарова ва Рӯзафсун Бекназарова мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – имрӯз, 20-уми сентябр - мусобиқа аз рӯи се дараҷаи вазнҳо (-90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон сурат мегирад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 барпо мегардад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, ки моҳи октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз аз гуштигирони тоҷик, варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Русия ва Узбекистон аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90, +90 кг) миёни мардон рақобат карданд.

Дар вазни то 66 кило Дилшодбек Юлдошев аз Узбекистон бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар финал бар Фирӯз Мелибойзода, гуштигири тоҷик, пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик Умар Расулов дар вазни то 81 кило мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар финал бар ҳамдиёраш Раҳматуллобек Фарҳодов ғолиб омад.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён дар финал гуштигири Узбекистон Шермуҳаммад Ҷандреевро мағлуб кард.

Дар вазни беш аз 90 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири Русия Антон Брачевро шикаст дод.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медалу ифтихорнома ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Барои ҷойи аввал 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG