Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, Русия нерӯгоҳи атомияшро мушакборон кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина мегӯянд, низомиёни Русия шаби душанбе ба неругоҳи атомӣ дар ҷануби ин кишвар мушак сар додаанд.

"Ҳамагӣ 300 метр дуртар аз реакторҳои нерӯгоҳи атомӣ таркиши бузург рух дод. Бинои нерӯгоҳ дар натиҷаи ларзиш осеб дида, беш аз 100 тиреза шикаст. Яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи Александровская, ки як қисми маҷмааи энергетикии Украинаро ташкил медиҳад, аз кор монд ва барқ дар се хати баландшиддат хомуш шуд", - омадааст дар иттилоияи ширкати "Энергоатом"-и Украина.

Дар натиҷаи партоби мушак ягон корманди неругоҳ осеб надидааст ва Вазорати мудофиаи Русия низ то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

"Нерӯгоҳи атомии Украинаи ҷанубӣ" дар шимоли вилояти Николаеви Украина ҷойгир буда, аз хати ҷанг беш аз 100 километр дур аст. Низомиёни рус дар рӯзҳои нахустини ҷанг талош карданд, ки ба он бирасанд, аммо муваффақ нашуданд.

XS
SM
MD
LG