Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаи Лубнонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» тими Лубнонро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард.

Дар ин бозӣ, ки шаби ҷумъаи 16-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 4300 тамошобин баргузор шуд, футболбозони ҷавони тоҷик лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд ва аз чортоаш пурсамар истифода карданд.

Ду голро Меҳрубон Каримов (дақиқаи 14-ум) ва. Фатҳулло Олимзода (44) дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. Ду голи дигарро Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар нимаи дувуми бозӣ (дақиқаҳои 85, 90+1) зад.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи «I” миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сингапур ва Камбоҷа бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «I” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби чаҳор имтиёз пешсаф аст. Дастаи Лубнон бо касби се имтиёз дар ҷойгоҳи дувум аст. Мунтахаби Сингапур бо касби ду имтиёз мақоми севумро азони худ кардааст. Дастаи Камбоҷа бо касби як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Бозиҳои даври севум ва оирини мусобиқаи гурӯҳи “I” рӯзи якшанбеи 18-уми сентябр миёни дастаҳои Лубнон – Сингапур ва Тоҷикистон – Камбоҷа баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.

Зимнан, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир хоҳад шуд, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ меёбанд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки даста барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот мубориза мебарад. “Вазифаи мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромадан аст. Бовар дорем, ки бачаҳо ин вазифаро иҷро мекунанд”, - иброз дошт сармураббӣ.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо», Душанбе), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Суннатулло Азизов («Динамо», Душанбе).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Даври 1-ум

Камбоҷа Лубнон – 0:1

Гол: Муҳаммад Содиқ, 9.

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Тоҷикистон – Сингапур – 0:0

Тӯби дар дақиқаи 62-юм аз пеналти задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро дарвозабони сингапуриҳо баргардонд.

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубон Каримов, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ(Бежан Нишонбойзода, 89), Кабир Салимшоев (Абдулло Шарипов, 70), Салам Ашӯрмамадов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 70).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

Даври 2-юм

Сингапур – Камбоҷа 1:1

Голҳо: Даниел Кричтон, 28 (1:0), Коут Рич, 45 (1:1).

Лубнон – Тоҷикистон – 0:4

Голҳо: Меҳрубон Каримов, 14 (0:1). Фатҳулло Олимзода, 44 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 85 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 90+1 (0:4).

Аз майдон хориҷ шуданд: Муҳаммад Ал-Маҳдӣ Ал-Мусавӣ (Лубнон), 74, Фатҳулло Олимзода (Тоҷикистон), 74.

16 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

2

1

1

0

4-0

4

2

Лубнон

2

1

0

1

1-4

3

3

Сингапур

2

0

2

0

1-1

2

4

Камбоҷа

2

0

1

1

1-2

1

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 Тоҷикистон – Камбоҷа

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG