Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Ҷабборов дар Самарқанд вазъи марзро баррасӣ кардаанд. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари муноқишаи марзӣ рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд мулоқот кардаанд. Онҳо гуфтаанд, барои оташбас ва берун кашидани нерӯҳо супориш медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Самарқанд рафта буданд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз зуҳри 16-уми сентябр баргузор шуд.

Сомонаи расмии президенти Қирғизистон дар иттилоияе навишт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардаанд.

Баҳси марз дар ҳошияи нишасти Самарқанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Ба навиштаи манбаъ, роҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки барои оташбас ва берун кашидани қувваҳо ба ниҳодҳои дахлдор супориш медиҳанд.

Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаи амнияти миллии ду кишвар, комиссия ташкил карда, сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ҳам мегӯяд, барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ кумисюни муштарак ташкил доданд: “Дар натиҷа, зери роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбаев комиссияи муштарак ташкил гардид. Вазифаи асосӣ назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия кори худро оғоз намуд.”

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як иттилоия гуфт, "роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шурӯъ аз соати 14:30 ҳамин рӯз оташбас эълон карда мешавад."

Пеш аз ин ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мулоқот карда буданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр шоҳиди боз як муноқишаи дигар шуд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро сабабгори ҷанҷол медонанд. Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надодааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG