Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмону Ҷабборов дар Самарқанд гуфтугу мекунанд, ё не?


Ба сабаби такрори муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов то кунун мулоқотҳои рӯ ба рӯи зиёде надоштаанд.
Ба сабаби такрори муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов то кунун мулоқотҳои рӯ ба рӯи зиёде надоштаанд.

Баъди муноқишаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон раиси ҷумҳури ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои ширкат дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Самарқанди Узбекистон рафтаанд.

Рӯзи 14-уми сентябр дар натиҷаи даргириву тирандозӣ дар чанд гӯшаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон 13 нафар аз Тоҷикистон куштаву захмӣ шуданд, аз ҷумла ду марзбони тоҷик. Аз тарафи Қирғизистон ду марзбон ва ду сокини осоишта захм бардоштаанд.

Маълум нест, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узв, рӯзи 15-уми сентябр ба кор мекунад, мавзӯи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешавад ё на. Маълум ҳам нест, ки оё раҳбарони ду кишвари ҳамсоя доир ба муноқишаву роҳҳои хатми он гуфтугуи рубару хоҳанд дошт, ё не.

Барои ширкат дар ҷаласаи солонаи раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай президентони Русия, Чин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ҳам ба Самарқанд рафтаанд. Ҳукумати Русия, ки дар ҷаласа масъалаи узвияти Беларус дар ин созмон, имзои аҳдономаи Эрон дар бораи ӯҳдадориҳояш дар баробари ин созмон ва дигар масъалаҳо баррасӣ мешавад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро таъйинкунандаи сиёсатҳои геополиткии Русияву Чин арзёбӣ мекунанд, ки дар талоше барои аз ҳамкорӣ ва нуфузи Ғарб дур кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон ёфтааст.

Нозирони ғарбӣ мегӯянд, дар пасманзари ҷанги Русия алайҳи Украина президенти Русия Владимир Путин талош хоҳад кард ин минбарро барои тақвияти нуфузаш истифода кунад.

XS
SM
MD
LG