Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Хуҷанд баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи IX байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори нуҳум баргузор мешавад, ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, иштироки гуштигирон аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар назар аст.

Мусобиқаи имсола аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон ва ду вазн (-57 кг, -63кг) миёни занон сурат мегирад.

Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 барпо мегардад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, ки моҳи октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз аз гуштигирони тоҷик, варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Русия ва Узбекистон аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90, +90 кг) миёни мардон рақобат карданд.

Дар вазни то 66 кило Дилшодбек Юлдошев аз Узбекистон бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар финал бар Фирӯз Мелибойзода, гуштигири тоҷик, пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик Умар Расулов дар вазни то 81 кило мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар финал бар ҳамдиёраш Раҳматулло Фарҳодов ғолиб омад.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён дар финал гуштигири Узбекистон Шермуҳаммад Ҷандреевро мағлуб кард.

Дар вазни беш аз 90 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири Русия Антон Брачевро шикаст дод.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медалу ифтихорнома ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Барои ҷойи аввал 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG