Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023 бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тими Сингапур (U-20) бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Ин бозӣ, ки шаби чоршанбеи 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 2500 тамошобин баргузор шуд, бо бартарии комили футболбозони ҷавони тоҷик сурат гирифт. Вале мизбонон аз лаҳзаҳои зиёди голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Дар нимаи дувуми дидор меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ муқобили нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов дағалона бозӣ карда, ӯро аз по афтонданд. Ба дарвозаи мунтахаби Сингапур ҷаримаи 11-метрӣ таъйин шуд. Тӯби дар дақиқаи 62-юм аз пеналти задаи ҳамлагар Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро дарвозабони сингапуриҳо баргардонд.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи "I” мунтахаби ҷавонони Лубнон дастаи Камбоҷаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Муҳаммад Содиқ дар дақиқаи 9-ум ба самар расонд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи "I” мунтахаби ҷавонони Лубнон бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Тоҷикистону Сингапур як имтиёзӣ гирифтаанд. Мунтахаби Камбоҷа бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳи "I”, ки рӯзи ҷумъаи 16-уми сентябр баргузор мешавад, Сингапур бо Камбоҷа ва Лубнон бо Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои даври охирин бошад, рӯзи якшанбеи 18-уми сентябр миёни дастаҳои Лубнон – Сингапур ва Тоҷикистон – Камбоҷа баргузор мешаванд.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд. Бозиҳо бо иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соати 20:00 оғоз меёбанд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки даста барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот мубориза мебарад. - Ҳар як бозигар масъулиятро хуб дарк мекунад ва ба бозиҳо муносибати ҷиддӣ менамояд. Гурӯҳи мо баробар аст. Мо ҳамаи рақибонамонро эҳтиром мекунем ва ба ҳар як бозӣ хуб омодагӣ мебинем. Вазифаи мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромалан аст. Бовар дорем, ки бачаҳо ин вазифаро иҷро мекунанд, - иброз дошт сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо», Душанбе), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Суннатулло Азизов («Динамо», Душанбе).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Даври 1-ум

Камбоҷа Лубнон – 0:1

Гол: Муҳаммад Содиқ, 9.

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Тоҷикистон – Сингапур – 0:0

Тӯби дар дақиқаи 62-юм аз пеналти задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро дарвозабони сингапуриҳо баргардонд.

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубон Каримов, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ(Бежан Нишонбойзода, 89), Кабир Салимшоев (Абдулло Шарипов, 70), Салам Ашӯрмамадов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 70).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Лубнон

1

1

0

0

1-0

3

2

Тоҷикистон

1

0

1

0

0-0

1

3

Сингапур

1

0

1

0

0-0

1

4

Камбоҷа

1

0

0

1

0-1

0

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 Тоҷикистон – Камбоҷа

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG