Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Русия сиёсатмадорону мақомдорони кишварҳоро "мехарад"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 13-уми cентябр гуфт, Русия аз соли 2014 то кунун барои таъсир гузоштан ва нуфуз ба сиёсатмадорону дигар мақомоти расмӣ дар даҳҳо кишвари дунё 300 миллион доллар сарф кардааст.

Ба гуфтаи вазорат, ин пулҳо барои кумак ба муассисаҳои пажуҳишии таҳти ҳимояти ҳизбҳои рости тундгарову миллатгаро ва созмонҳое харҷ шудаанд, ки пулро барои ҳадафҳои муайян ва ё сиёсатмадорони дилхоҳи Русия мерасонанд.

Ба қавли як мақоми вазорат, Хадамоти иттилоотии Амрико бовар дорад, ки 300 миллион доллар тахмини камтарин аст ва мумкин аст, ки Русия пулҳои изофиро барои ҳамин гуна ҳадафҳояш харҷ кардааст, вале онҳо номаълум мондаанд.

Амрико мегӯяд, ки ин ёфтаҳо ва иттилоотро ба ҳукуматҳои 100 кишвари ҷаҳон мерасонад. Ба қавли мақоми вазорат, иттилоот аз як арзёбии Хадамоти иттилоотии Амрико дар бораи талошҳои Русия ҷиҳати таъсир гузоштан ба сиёсатҳои кишварҳои дигар аст.

Вазорати хориҷӣ барои он бахше аз ин иттилоотро нашр кардааст, ки интизор доштааст, Русия дар моҳҳои оянда ба таври афзоянда “ба абзорҳои пинҳонии таъсиргузориаш” такя хоҳад кард.

Дар гузориш ҳеч номи мушаххасе аз ҳадафҳои Русия бурда нашудааст, вале дар он омадааст, ки Русия ғолибан барои халалдор кардани таҳримоти байналмилалӣ ба зидди он ба сармоягузории пинҳонӣ барои таъсир гузоштан ба сиёсатмадорон мегузарад. Сафорати Русия дар Вашингтон ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи мавзуъ ҳануз посух надодааст.

XS
SM
MD
LG