Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шер"-и тоҷик рақиби аргентиниашро дар бокс шикаст дод


Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии бокси ҳирфаӣ “RСС boxing Promotions”, ки 11-уми сентябр дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, бар Карлос Даниэл Кордобаи аргентинӣ пирӯзӣ ба даст овард. Рақобат аз ҳашт раунд иборат буд.

Ёқубов доимо ҳуҷум мекард ва мехост қувваозмоиро пешакӣ ба анҷом расонад, вале Кордоба то тасмими доварон истодагарӣ кард. Ҳамаи доварон Муҳаммадхуҷа Ёқубовро ғолиб донистанд.

Зимнан, ин 18-умин пирӯзии Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Аз ин пеш ӯ дар 17 рақобат, аз он ҷумла дар даҳтоаш бо нокаут, ғолиб шуда буд. Ин муштзани 27-солаи тоҷик танҳо дар як рақобаташ 18-уми марти соли равон аз О'Шаки Фостери амрикоӣ мағлуб шудааст.

Муҳаммадхуҷа Ёқубов 31-уми марти соли 1995 дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аввалин рақобати ӯ дар бокси ҳирфаӣ 12-уми декабри соли 2015 доир гардидааст. Қадаш 1 метру 65 сантиметр, вазнаш 58,6 кг мебошад.

Ӯ ба як қатор унвонҳои баланд - ғолиби мусобиқоти минтақавӣ ва ҷавонон аз рӯи WBC International (2018 – то ҳоло), WBA Continental (2018), IBF Baltic (2018), WBO Youth (2016 - 2017), WBC Asian (2016 - 2017) даст ёфтааст. Лақабаш «Шер» аст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Ҳоло дар шаҳри Сургути Русия ба сар мебарад.

Дар комёбиҳои ӯ саҳми устоди аввалинаш Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокси тоҷик, бузург аст. Феълан бо раҳбарии мураббӣ Владимир Видов тамрин мекунад.

XS
SM
MD
LG