Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ устувор намуд


Бозингарони дастаи футболи "Истиқлол"
Бозингарони дастаи футболи "Истиқлол"

Рӯзҳои 10-11-уми сентябр бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дастаи меҳмон - “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ аз тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ду бозии даври понздаҳум миёни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар - “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 0:0 ва “Равшан”-и Зафаробод - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол» бо касби 30 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 24 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Хатлон”-и Бохтар бо касби 23 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Регар-ТадАЗ» - «Истаравшан» – 1:2

Голҳо: Ҷаъфар Исмоилов, 13 (0:1). Ҳусейн Нурматов, 30 – ба дарвозаи худ (1:1). Ҳусейн Нурматов, 57 (1:2).

10 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошобин.

КМВА - «Хуҷанд» 1:0

Гол: Асадбек Ҷӯрабекзода, 67.

10 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.

«Истиқлол» - «Эсхата» – 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 68 - аз пеналти (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 90+6 (2:0.

Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Ҷалилов, 71 – барои таҳқири ҳариф, Дилшодҷон Каримов, 71 - барои таҳқири ҳариф.

11 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 350 тамошобин.

«Хатлон» - «Файзканд» - 0:0

11 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

«Равшан» (Зафаробод) – «Равшан» (Кӯлоб) - 2:2

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 7 (1:0). Абдухалил Боронов, 9 (1:1). Диёрбек Марауфов, 37 (2:1). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 82 (2:2).

11 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

3

1

30-7

30

2

«Равшан» (Кӯлоб)

15

6

6

3

17-14

24

3

«Хатлон» (Бохтар)

14

6

5

3

13-7

23

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

6

4

4

15-9

22

5

«Файзканд» (Восеъ)

14

6

4

4

16-19

22

6

КМВА (Душанбе)

14

6

2

6

17-20

20

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

3

7

20-16

18

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

14

4

2

8

17-26

14

9

«Равшан» (Зафаробод)

15

2

6

7

15-32

12

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

3

1

10

11-21

10

Нишонзанҳо: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол») – 10 тӯб. Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) – 8 тӯб.

XS
SM
MD
LG