Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» («Ҷоми шоҳ-2022») дар шаҳри Чиангмайи Тайланд иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «King’s Cup 2022», ки аз 22-юм то 25-уми сентябр доир мегардад, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Тайланд, Малайзия, инчунин Тринидад ва Тобаго ширкат меварзанд.
Бар асоси дастури мусобиқа, 22-юми сентябр бозиҳои 1/2 финал баргузор мешаванд. Дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Тринидад ва Тобаго, мунтахаби Тайланд бо тими Малайзия бозӣ мекунанд.
Ғолибони нимфинал 25-уми сентябр дар финал рақобат мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ғолиб гардид ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин баргузор мешуд, вале ин кишвар аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) маълум хоҳад шуд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор гирифтанд, роҳ пайдо карданд: Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия.
Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки тобистони соли оянда баргузор мешавад, 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.
Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»
Нимфинал
22 сентябр (панҷшанбе)
15:30 – Тринидад ва Тобаго – Тоҷикистон
18:30 – Тайланд – Малайзия
25 сентябр (якшанбе)
15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
18:30 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.