Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон дар Лаҳистон


Неъматулло Асронқулов. Акс аз бойгонӣ
Неъматулло Асронқулов. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни собиқадорон (Krakow World Championships Veterans 2022), ки рӯзҳои 8-11-уми сентябр дар шаҳри Кракови Лаҳистон (Полша) доир гардид, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), рақобатҳо мувофиқи сину соли иштироккунандагон дар гуруҳҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 837 гуштигир (743 мард ва 94 зан) аз 60 кишвари ҷаҳон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон 10 нафар намояндагӣ карданд:


-60 кг – M5 - Қутбиддин Баҳодуров
-73 кг – M4 - Соҳибназар Ҳақназаров
-73 кг – M3 - Абдулфайз Солеҳов
-81 кг – M3 - Ҷонибек Маҳмудзода
-81 кг – M1 - Шоҳҳусейн Раҳимов
-90 кг – M2 - Валӣ Султонзода
-90 кг – M1 - Оятуллои Камарӣ
-100 кг – M3 - Фаридун Устопиров
-100 кг – M1 - Собир Шарифов
+100 кг – M3 - Неъматулло Асронқулов

Аз байни онҳо ду нафар - Оятуллои Камарӣ (-90 кг М1) ва Неъматулло Асронқулов (+100кг М3) - барандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон гаштанд.

Оятуллои Камарӣ, ки рақобатро аз даври чорякниҳоӣ муқобили Мурод Раҷаблӣ, гуштигир аз Озарбойҷон, оғоз кард, ноком шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Эрнест Матус (Словакия) ва дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Хуан Антонио Тортелла Балбас аз Испания ғолиб омад ва медали биринҷӣ гирифт.

Дар вазни -90 кг дар гурӯҳи М1 Заза Давадзе аз Гурҷистон дар финал бар Мурод Раҷаблӣ аз Озарбойҷон пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тило даст ёфт.

Неъматулло Асронқулов ҳам ба қувваозмоӣ аз даври чоряниҳоӣ пардохт. Вале ӯ дар ин давр аз Звиад Тсиклаурии гурҷӣ шикаст хӯрд. Паҳлавони маъруфи тоҷик дар даври тасаллобахш Аяз Умудалиевро аз Озарбойҷон ва дар мубориза барои медали биринҷӣ Томаш Бичи лаҳистониро мағлуб кард.

Дар вазни +100 кг дар гурӯҳи М3 Звиад Тсиклаурии гурҷӣ дар финал Аттила Деакро аз Маҷористон шикаст дода, бо медали тило сарфароз гашт.

Дар ҳисоби умумии медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Фаронса бо касби 19 медали тило, 13 нуқра ва 20 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 8 медали тило, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ мақоми дуюмро азони худ кард. Мунтахаби Бразилия бо касби 8 медали тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми сеюмро гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ мақоми 41-умро соҳиб гашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG