Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи сафари Си Ҷинпин фишор ба қазоқтаборон зиёд шудааст


Онҳое, ки бо талаби раҳоии наздиконашон аз боздоштгоҳҳои минтақаи худмухтори Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмаато таҳозурот мекарданд, мегӯянд, дар арафаи сафари президент Си Ҷинпин ба пойтахти Қазоқистон фишорҳо афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, онҳоро 9 сентябр ба ҳукумати шаҳрдории Алмаато даъват кардаанд. Дар он мулоқот як нафар худро намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон муаррифӣ ва аз иштирокдорон талаб кардааст, ки дар арафаи сафари президенти Чин ба шаҳри Нурсултон аз гирдиҳамоӣ худдорӣ кунанд. Дар ғайри сурат 15 рӯз ҳабс хоҳанд шуд.

Намояндаи вазорат гуфтааст, "президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мушкили шуморо ба миён хоҳад гузошт." "Вале мо бовар накардем. Вақте Си Ҷинпин ба пойтахт меояд, мо ҳатман ба он ҷо меравем”, - изҳор дошт яке аз тазоҳургарони дигар бо номи Гавҳар Қурманалиева.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмаато чандин моҳ пеш шуруъ шуда буд ва дар давоми ин муддат масъулони намояндагии дипломатии он кишвар боре ба назди онҳо набаромадаанд.

Бархе аз таҷаммуъгарон мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севвум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG