Маросими ҷанозаи маликаи Бритониё рӯзи 19-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии хонаводаи салтанатии Бритониё хабар додааст.
Қасри Букингем шоми 8-уми сентябр эълон карда буд, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузаштааст.
То 19-уми сентябр чанд маросиме баргузор хоҳад шуд ва дар ниҳоят ӯро дар қасри Виндзор дафн хоҳанд кард.
Ҷойгузини ӯ писараш, Карли 73-сола, подшоҳи Бритониё ва раҳбари 14 қаламрави дигар, аз ҷумла Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шудааст.
Малика Елизаветаи II аз охирҳои соли гузашта дучори мушкил шуда, пизишкон ба ӯ тавсия карда буданд, ки зери муроқибат бимонад. Вай бисёре аз вазифаҳои худро ба наздиконаш, хусусан шоҳзода Карл, супурда буд.
Елизаветаи II аз соли 1952 ва пас аз марги падараш ба муддати 70 сол маликаи Бритониё буд. Дар ин муддат чаҳордаҳ сарвазири Бритониё иваз шудааст.