Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот эътироф кардаанд, ки ҳоли нақби Данғара "табоҳ" шудааст


Яке аз нақбҳои неругоҳи барқи обии Норак, ки нақби Данғара низ ба обанбори он васл аст.
Яке аз нақбҳои неругоҳи барқи обии Норак, ки нақби Данғара низ ба обанбори он васл аст.

Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки яке аз бузургтарин нақбҳои обёрӣ дар кишвар, ки заминҳои васеъи ноҳияи Данғара ва мардуми онро бо об таъмин мекунад, фарсудаву хатарнок шудааст ва ҳоли табоҳе дорад. Нақби мазкур бо дарозии тақрибан 14 километр дар байни 100 нақби дарозтарини ҷаҳон қарор дорад.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як мақолае дар бораи нақби Данғара, ки дар феҳрасти иншооти стратегӣ аст, гуфтааст, дар сурати беэътиноӣ ба он, мумкин аст, фалокате дар нақб сурат бигирад ва ҳазорон гектар киштзор ва мардуми зиёд аз об маҳрум шаванд.

Нақби Данғара, ки сохтмонаш дар аҳди шӯравӣ, дар солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфт ва баъди 17 сол поён ёфт, оби зиёдеро аз обанбори неругоҳи барқи обии Норак ба ин ноҳияи хушку тафсон, вале ҳамвори Тоҷикистон мерасонад. Айни замон ба василаи ин нақб бештар аз 10 ҳазор гектар замин обёрӣ ва 170 ҳазор нафар аз аҳолии Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо об таъмин мешавад.

Ба навиштаи донишманди тоҷик, Давлаталӣ Алимов, ки таърихи бунёди нақби Данғара таҳқиқ кардааст, ин нақб як иншооти нодире дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки тавоноии гузаронидани 100 кубометр об дар як сонияро доранд ва имкон медиҳад, то 100 ҳазор гектар замин обёрӣ шавад. Вале ба навиштаи “Ҷумҳурият” имрӯз ин нақб «қуввати гузарондани 10 мукааб метр обро надорад.”

Дар мақолае, ки зери номи “Нақби Данғара” нашр шудааст, гуфта мешавад: “Баъди 36 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус, қисмҳои зиёди нақб харобу валангор гашта, ба таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд.” Рӯзнома аз қавли Файз Одинаев, сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара навиштааст, ки аҳволи дарвозаҳои азими нақб ҳам бад аст ва оби дарёи Вахш “конструксияҳои оҳану бетонии зери дарвозаҳои сарбандро соли гузашта, сӯрох карда, вазъияти мураккабро ба миён овард.”

Пеш омадани фалокат дар дарвозаҳо дар моҳи май ва июни соли гузашта аҳоливу киштзорҳои Данғараро барои муддате беоб гузоштааст. Ба қавли Файз Одинаев бинобар ин рахнаҳо то моҳи августи имсол 53 миллион мукааб об талаф шудааст.

Нақби Данғара дар тобеияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аст ва Холмуроди Раҳмон, мудири ин идораи давлатӣ ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфтааст, дар воқеъ, вазъи нақби Данғара хуб нест ва барои таъмиру тармими он садҳо миллион сомонӣ ва кумаки ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст.

Ба қавли Холмурод Раҳмон: “Аз рӯи таҳлилҳои иқтисодӣ, хароҷоти молиявии барқарорсозии нақб 464 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бояд солҳои наздик аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шавад.”

Созмонҳои байналмилалии молӣ ва ҳам мухолифони давлат ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид кардаанд, ки барои тарҳҳои намоишӣ ва ҷашнҳо пули зиёде харҷ мекунад, агарчӣ ин пулҳо метавонанд, барои тармими зербунёдҳои муҳим ва ё соҳаҳои тандурустиву маориф ва пешрафти иқтисодӣ сарф шаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG