Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷанҷолҳои оилавӣ то буҳронҳои ҷаҳонӣ. Нигоҳе ба зиндагии малика. ВИДЕО


Маликаи Бритониё дар 96-солагӣ даргузашт
Маликаи Бритониё дар 96-солагӣ даргузашт

Елизаветаи II (Шоҳзода Елизавета Александр Мерӣ) баъди даргузашти падараш Ҷорҷи шашум – подшоҳи Бритониё – дар 26-солагӣ маликаи Бритониё ва чаҳордаҳ қаламрави муштаракулманофеъ шуд.

Пеш аз салтанаташ, издивоҷи ӯ бо шоҳзода Филип аз хонадони подшоҳии Юнон ва Дания, ки салтанаташонро дар Юнон аз байн бурданд ва ба Бритониё муҳоҷират карданд, бо ҷанҷолҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд, чун хоҳари шоҳзода Филип бо яке аз аъзои фашистони Олмон издивоҷ кард.

Самараи издивоҷи Малика Елизавета ва Филип писаре ба номи Карл (Чарлз) аст, ки баъдҳо валиаҳди Бритониё шуд.

Малика Елизаветаи дувум дар 70 соли салтанат ҳамеша аз дахолат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Бритониё худдорӣ мекард, ҳарчанд гуруҳе ба ин боваранд, ки ӯ лаҷоми сиёсати печидаи Бритониёро дар ҷаҳон дар даст дорад.

Дар миёни тамоми ҳодисаҳои сиёсӣ ва сукути малика Елизавет, хонаводаи салтанатии онҳо бо буҳронҳои оилавӣ, аз ҷумла талоқи шоҳзода Диана ва валиаҳд Карл, ҳоло шоҳи Бритониё, рӯ ба рӯ шуд.

Талоқе, ки ҳамроҳ бо овозаҳои хонаводагӣ, аз ҷумла дахолати малика дар зиндагии ин ҷуфт ва хиёнати Диана сару садои зиёд бапо кард. Узве аз хонавода, ки маҳбубияти зиёде дар миёни мардуми Бритониё дошт ва марги Диана дар як садамаи нақлиётӣ поёни ғамангези ин моҷаро шуд.

Нигоҳе ба зиндагии маликаи Бритониё Елизаветаи II
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Ҳудуди чаҳор сол пеш издивоҷи набераи малика Елизавета, шоҳзода Ҳаррӣ бо ҳунарпешаи амрикоӣ Меган Маркел бо овозаҳо дар бораи мухолифати малика ба ин издивоҷ ба ҷанҷоли расонаӣ табдил шуд.

Малика Елизавета дар 70 соли салтанат фақат бо буҳронҳои хонаводагӣ рӯ ба рӯ набуд, балки шоҳиди буҳронҳои гуногуне мисли даргириҳои Ирландияи шимолӣ, ҷангҳои Халиҷи Форсу Афғонистон дучор шуд.

Дар ин авохир раъйпурсӣ дар бораи истиқлоли Шотландия ва баъдҳо раъйи мардуми Бритониё барои ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо буҳронҳое буданд, ки Маликаи Бритониё по дар миён гузошт ва изҳори назар кард.

Аз мардуми Шотландия хост, дар раъйпурсӣ тасмими дурусте бигиранд ва баъдан аз давлати Бритониё хост, зудтар мавқеашро дар бораи ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупо рӯшан кунад. Ҷудоие, ки 4 сол тӯл кашид. Дар даврони салтанати маликаи Бритониё, чандин мустамликаи Бритониё истиқлол ба даст оварданд.

Ҳудуди 7 моҳ пеш малика 70-умин соли салтанаташро ҷашн гирифт. Маликае, ки бо расонаҳо кам суҳбат мекард ва дар умум назароташро камтар мегуфт, аммо маҳбубияти зиёде дар миёни мардуми Бритониё дошт.

Мухолифони салтанат дар Бритониё ҳамеша сарвати номаълуми хонаводаи салтанатӣ ва хароҷоти зиёди дарборро танқид мекунанд.

Малика Елизаветаи дувум рӯзи 5-уми сентябр дар дидор бо Лиз Трасс, нахуствазири Бритониё, охирин маъмурияти расмиашро анҷом дод. Ӯ шаби 8-уми сентябр дар 96-солагӣ дар Шотландия, маҳалли истироҳати тобистонааш даргузашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG