Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен Тоҷикистонро "шарики қавӣ"-и Амрико хонд


Энтони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин
Энтони Блинкен ва Сироҷиддин Муҳриддин

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, Тоҷикистонро "шарики қавӣ"-и кишвараш хонд.

Ӯ дар паёме бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ду кишвар шарикии худро бар пояи ҳадафҳои муштарак, робитаҳои фарҳангӣ ва мубориза бо таҳдидҳои террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон бунёд гузоштаанд.

Блинкен дар паёми худ ҳамчунин ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва низ беҳбуди вазъи озодиҳои бунёдӣ ибрози умедворӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ "ин асоси ҷомеаи босубот ва шукуфо аст".

Вазири корҳои хориҷии Амрико афзудааст, ҳамкориҳои минтақавии ду кишвар дар чаҳорчӯбаи C5+1 дар масоили мубориза бо тағйироти иқлим, расидагӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва шиносоии имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тақвият хоҳад ёфт.

"Сарфи назар аз он ки кишварҳои мо дар соли гузашта ба далели тағйироти ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуданд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба суботу шукуфоии Тоҷикистон содиқ аст," -- омадааст дар паёми Энтони Блинкен.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Имсол ду кишвар 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатиро таҷлил карданд.

Сафорати Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида дар сӣ соли охир ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар додааст. Дар умум кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон аз соли 1992 то кунун беш аз 1,8 миллиард доллар ҳисоб мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG