Фаъоли қирғизистонӣ Эмил Бекиевро аз Русия ихроҷ карданд. Рӯзи 7 сентябр ӯро ба КДАМ Қирғизистон оварда, дар барангехтани адовати миллӣ айбдор карданд.
Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон гуфтанд, Бекиев "бо нашри матолиби иғвогарона адоват бармеангехт". Рӯзи 6 сентябр ӯро аз Русия бо айби "вайрон карани тартиби будубош ва анҷом додани фаъолияти зидди Русия" ихроҷ карданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як мусоҳибаи Эмил Бекиевро бознашр карданд, ки дар он вай аз сиёсатҳои ҳукумати Қирғизистон интиқод мекунад.
Моҳи ноябри соли 2021 чанде аз зодагони Қирғизистон дар Русия бо тарафдорӣ аз ҳизби "Бутун Қирғизистон" роҳпаймоӣ ва шиорпароканӣ карданд. Яке аз ташкилкунандагони роҳпаймоӣ Эмил Бекиев буд.