Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рӯшон талош доранд, сел дубора ба Шуҷанд наояд


Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтаанд, талош доранд, аз такрори сели харобиовар дар ҷамоати Шуҷанди ноҳияи Рӯшон пешгирӣ кунанд.

Расонаҳои расмӣ хабар доданд, ки Алишер Мирзонабот, раиси вилоят, рӯзи 6-уми сентябр ба мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, кори соҳилбандиро ҷиддӣ бигиранд.

Рӯзи 24-уми август сел дар деҳаи Шуҷанд се хонаро вайрон ва 68 оиларо муввақатан овора кард.

Сокинони деҳаи Шуҷанди Рӯшон пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки сел соҳилро шикофта, ба деҳа ворид шуд ва онҳо аз тарс ба деҳаҳои ҳамсоя ба хонаи хешу табор рафтанд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳанӯз зарари расида аз сел дар Рӯшон ҳисоб нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG