Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, вазъи башарӣ ва беҳдоштӣ дар Покистон "бисёр бад" аст


Покистон
Покистон

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, борону сели харобиовар вазъи башарӣ ва беҳдоштиро дар Покистон "бисёр бад" кардааст.

Ба иттилои Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Покистон, дар офатҳои табии охир 1325 нафар ҷон бохта, беш аз 1 ҳазору 200 каси дигар маҷруҳ шуданд.

Дар умум, 33 миллион нафар ба тарки макони доимии зист маҷбур шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 6-уми сентябр ҳушдор дод, ки дар Покистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ рӯ ба афзоиш аст.

Тоҷикиситон тасмим гирифтааст, ба Покистон кумаки башарӣ фиристад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG