Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯктош" дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пешсафи ягона аст


Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Дар даври понздаҳуми мусобиқа дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бар «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 2:1, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби 3:2 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Як бозӣ бо ғалабаи мизбонон хотима ёфт. «Ҳосилот»-и Фархор «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадониро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Як бозӣ мусовӣ шуд. «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон – «Ҳулбук»-и Восеъ - бо ҳисоби 1:1 ба поён расонид.

Ба ин тартиб, «Кӯктош» бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона аст. «Ҳосилот» бо касби 37 имтиёз дар ҷойи дуюм ва «Динамо» бо касби 34 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Дар мусобиқаи имсола дувоздаҳ даста барои ду роҳхат ба лигаи олӣ мубориза мебарад. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар ду давра доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 15-ум

«Ваҳдат» – «Гулистон» - 1:2

«Моҳир» - «Душанбе» – 2:3

«Саройкамар» – «Кӯктош» - 0:1

«Ҳосилот» – «Сарҳадчӣ» - 2:1

«Панҷшер» – «Ҳулбук» - 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

15

13

2

0

53-7

41

2

«Ҳосилот» (Фархор)

14

12

1

1

30-10

37

3

«Динамо» (Душанбе)

14

11

1

2

44-15

34

4

«Саройкамар» (Панҷ)

13

6

3

4

23-17

21

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

15

5

5

5

22-26

20

6

«Душанбе» (Душанбе)

15

5

3

7

24-39

18

7

“Барқчӣ” (Ҳисор)

12

5

1

6

27-27

16

8

«Панҷшер» (Балхӣ)

15

3

7

5

19-18

16

9

“Гулистон” (Гулистон)

15

4

4

7

28-27

16

10

«Моҳир» (Ёвон)

15

4

1

10

22-39

13

11

«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

14

2

2

10

0-3

8

12

“Ваҳдат” (Ваҳдат)

15

0

2

13

20-65

2

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG