Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се кас ба гумони куштори духтари 14-сола дар Қирғизистон


Дар деҳаи Ноогардани шоҳроҳи Ӯш-Раззоқови Қирғизистон дар дохили нақби обгузар ҷасади духтари 14-сола ёфт шуд. Бо гумони даст доштан дар ин куштор се сокини ноҳияи Қадамҷой боздошт шудаанд.

Кормандони пулис гуфтанд, дастони духтар баста ва дар гарданаш изи хафасозӣ ошкор шудааст.

Ҳангоми ҷустуҷӯ мошини яке аз гумонбарон пайдо гардид, ки дар дохили он далелҳои шайъӣ мавҷуд буд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ин парванда таҳти назари ӯст.

Ба иттилои ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Атир Абдраҳматова, бештари парвандаҳои марбут ба хушунати кӯдакон то охир пайгирӣ намешаванд. Пештар вай гуфта буд, ки дар соли 2021 104 ҳолати хушунат нисбати кӯдакон сабт шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG