Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон харобаҳои ибодатгоҳи буддоиҳоро боз мекунанд


Буддои хобида дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Буддои хобида дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳанӯз дар соли 2010 дар шаҳраки Дарёчаи Сурх дар вилояти Чуйи Қирғизистон, ки дар Роҳи Абрешим қарор дорад, ҳафриёти ибодатгоҳи буддоиҳо оғоз шуда буд.

Бостоншиносон бар ин боваранд, ки ибодатгоҳ дар асрҳои VII-X ва ё пештар аз он сохта шудааст.

Ҳоло корҳои барқарорсозӣ дар ибодатгоҳ қариб ба анҷом расидааст ва ҳафтаи ҷорӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд, ба тамошои он бираванд.

"Дувумин ибодатгоҳи буддоиҳо дар шаҳраки Дарёчаи Сурх - ин ягона иншооти гилин аст. Ҳамаи бозёфтҳои қадимии мо гилин ҳастанд. Мо тақрибан бинои сангин надорем, биноҳои бо хишти пухта тақрибан надорем. Аз ҳамин хотир: ин дар навъи худ ягона иншооти табдилшуда ба осорхона", - гуфт бостоншинос Валерий Колченко.

Аз ин макон баъзе аз ҳафриёт, аз ҷумла тандиси 11-метраи Буддоро ба осорхонаи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия - Эрмитаж бурдаанд.

"Тандиси Буддо аз хишт сохта ва бо лой рукаш шуда буд", - гуфт Валерий Колченко.

Ҳафриёти бостонӣ дар ин макон бештар аз 150 сол аст, ки давом дорад. Ҳамасола олимони ҷавон аз кишварҳои дунё ба ин макон меоянд ва нишони гузаштаҳои худро меҷӯянд.

Шаҳраки Дарёчаи Сурх шомили мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG