Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20).
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20).

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати васеи даста 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохиланд. Ба дархости ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 23 бозигар шомил хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дастаҳои Сингапур (14-уми сентябр), Лубнон (16-уми сентябр) ва Камбоҷа (18-уми сентябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд. Бозиҳо бо иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соати 20:00 оғоз меёбанд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо», Душанбе), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Россия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо», Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Суннатулло Азизов («Динамо»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

* Дар ҳайати даста метавонад тағйирот ворид шавад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Даври 1-ум

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 – Камбоҷа – Лубнон

20:00 Тоҷикистон – Сингапур

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 Тоҷикистон – Камбоҷа

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG