Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 омодагӣ мебинад


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад, ки дар Маркази таълимии Бонки миллӣ то рӯзи 15-уми сентябр идома меёбад, 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - аз чаҳор бошгоҳи Суперлигаи Тоҷикистон даъват шудаанд.

Баъди анҷоми ҷамъомад дар Гулистон мунтахаби Тоҷикистон ба Дубай сафар мекунад ва дар онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро ба Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт баргузор менамояд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт доир мегардад, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27-уми сентябр), Узбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) рақобат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG