Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Амрико хост, додани визаро осонтар кунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар сафорати Амрико дар Қиғизистон навбатпойии дароз барои гирифтани виза ё раводиди он кишвар ташкил шудааст.

Дар ин бора сафири Қирғизистон дар ИМА ва Канада Бакит Амонбоев дар мулоқот бо муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Брайан Стиммлер хабар дод.

Амонбоев хостааст, дар одӣ кардани дарёфти виза барои шаҳрвандони Қирғизистон мусоидат карда шавад. Ба илова, Амонбоев пешниҳод кардааст, ки муҳлати визаҳои сайёҳӣ дароз карда шавад.

Брайан Стиммлер дар навбати худ ваъда додааст, ки сабабҳои сар задани навбатпойии дарозро дар сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Қирғизистон меомӯзад.

Пештар расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки дар сафорати ИМА дар он кишвар то миёнаҳои соли 2023 санаҳо пур шудаанд ва имкони навбат гирифтан нест. Сафири Амрико дар Қирғизистон Нолен Ҷонсон гуфт, баъд аз бардоштани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус хоҳишмандони дарёфти визаи ИМА якбора афзудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG