Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ, пас аз марг, медал “Барои шуҷоат” дод


Владимир Путин, президенти Русия бо Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия
Владимир Путин, президенти Русия бо Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия

Владимир Путин, президенти Русия ба Иван Непаратов, нафаре, ки барои куштори панҷ нафар 25 сол зиндонӣ шуда буд ва пас аз оғози ҷанг дар Украина озод гардид, баъди марг медал “Барои шуҷоат” додааст.

Дар ин бора сомонаи “Гулаг.нет” ва “The Insider” хабар додаанд.

Ин ду расона навиштаанд, ки Непаратов пас аз 12 соли зиндон озод шудааст ва бо созмони "ЧВК Вагнер" созишнома баста, аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафтааст. Нисфи мӯҳлати ҳабси ӯ ҳанӯз боқӣ монда будааст. Дар санаде, ки расонҳо ба даст овардаанд, навишта шудааст, ки Непаратов дар Донетск аз таркиши снаряд ва захм бардоштан аз сар ба ҳалокат расидааст.

16-уми август Владимир Путин Непаратовро ба медал “барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ ҳангоми амалиёти махусус” қадрдонӣ кардааст. Ба ҷуз ин, ба ӯ ордени “Мардонагӣ” тақдим шудааст, ки аксаран ба сарбозони фавтида дар ҷанги бо Украина медиҳанд.

Иван Непаратов бо қарори додгоҳи Русия раҳбари гурӯҳи ҷиноие шинохта шуда буд, ки давоми солҳои 2009-2010 дар навоҳии атрофи Маскав панҷ нафарро куштаанд. Ҳамчунин ӯ ба нигаҳдории яроқ, қаллобӣ ва тамаҷӯи гунаҳкор шуда буд.

Ба нақл аз нашрияи "Вёрстка" миёнаи моҳи август намояндагони "ЧВК Вагнера" ба 21 маҳбаси Русия рафта, ба маҳбусон пешниҳоди ҷанг дар Украинаро кардаанд. Онҳо ваъда додаанд, ки агар маҳбусон ба ҷанг раванд, ҳар моҳе барояшон 200 ҳазор рубли пардохт мешавад ва пас аз ним сол афв мешаванд.

Созмони “Вагнер” солҳост, ки бо тарафдорӣ аз Русия барои ҷанг дар кишварҳои гуногун зархарид ҷалб мекунад.

Русия, ки 24-уми феврал ба Украина ҳуҷум кард, ба навиштаи расонаҳо талафоти азиме додааст ва ҳоло аз кам будани сарбозу афсар мушкилӣ мекашад.

XS
SM
MD
LG