Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми муовини шаҳрдори Бишкек "сабуктар" шуд


Азат Узоқов

Муовини пешини шаҳрдори Бишкек Азат Узоқов, ки бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуда буд, шартан озод шудааст.

Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон, додрас баъди анҷоми тафтишот банди "Фасодкорӣ"-ро дар парвандаи Узоқов ба "Сӯистифода аз мақом" иваз кардааст, ки "ба гурӯҳи ҷиноятҳои начандон вазнин мансуб аст".

"Айбдоршаванда ҷои зисти доимӣ, оила ва фарзандони ноболиғ дорад. Шахсияти ӯ аз рӯи ҳуҷҷат муайян шудааст. Бинобар ин, чораи ҳабси пешакӣ иваз карда шуд", - омадааст дар хабари додгоҳ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон моҳи феврали имсол муовини раиси Бишкек Азат Узоқовро ба иттиҳоми тасарруфи маблағҳои буҷа ҳангоми сохтмони мактаб боздошт карда буд. Он замон гуфта шуд, ки Узоқов гӯиё ҳангоми кор дар вазифаи мудири шуъбаи сохтмони шаҳрдории Бишкек нақшаи коррупсионӣ ташкил ва аз манфиатҳои як ширкат ҳимоят кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG