Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони эронӣ бе маҳдудият бозиро дар варзишгоҳ диданд. ВИДЕО


Варзишгоҳи Озодии Эрон
Варзишгоҳи Озодии Эрон

Рӯзи 31-уми август бори аввал занону духтарони эронӣ имкон доштанд, ки бидуни маҳдудият дар варзишгоҳ қуваозмоии ду дастаи лигаи маҳаллии футболро миёни мардон тамошо кунанд.

Ҳазорҳо зани эронӣ бо либос ва шиорҳои сурхи дастаи “Персеполис” дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон қуваозмоӣ бо дастаи “Саноати нафт”-и шаҳри Ободонро пайгирӣ карданд.

Дар пайи инқилоби исломии соли 1979 ҳузури занон дар варзишгоҳҳо ҳангоми қуваозмоиҳои мардона манъ шуда буд.

Занони эронӣ қувваозмоии мардонро тамошо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Солҳои охир зери фишори Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) ва ҳомиёни ҳуқуқи занон мақомоти Эрон ба чанд истисно мувофиқат карда буданд. Моҳи октябри соли 2019 ҳангоми қуваозмоии футболбозони Эрон бо дастаи мунтахаби Камбоҷа дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон, ки сад ҳазор ҷойи нишаст дорад, барои аввалин бор 4 ҳазор зан роҳ ёфт.

Ҳамин миқдори занон барои тамошои қуваозмоии дирӯза иҷозат гирифта буданд, вале хабарнигори “Рейтерс” мегӯяд, бозии дирӯза дар ҳузури ҳазорҳо зан барпо шуда, бо ҳисоби ду бар сифр ба фоидаи “Персеполис”-и Теҳрон ба анҷом расид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG