Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори аввал дар ҷадвали қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 ба ҷойи аввал баромад


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 3:0 мағлуб кард, дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Ин бозӣ рӯзи чоршанбе, 31-уми август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 1000 тамошобин баргузор шуд. Се голи ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи дастаи меҳмон – «Истаравшан» - ба қаҳрамони феълии Тоҷикистон се имтиёз овард.

Зимнан, «Истиқлол» бори аввал дар мавсими имсола дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо касби 24 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо касби 22 имтиёз дар ҷойи дувум аст. “Файзканд”-и Восеъ бо касби 21 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷик истон рӯзҳои 2-4-уми сентябр баргузор мешаванд. 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кӯлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 3-юм

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 48 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 62 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»).

31 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

7

3

1

25-6

24

2

«Хатлон» (Бохтар)

12

6

4

2

13-6

22

3

«Файзканд» (Восеъ)

12

6

3

3

15-16

21

4

«Равшан» (Кӯлоб)

13

5

5

3

14-12

20

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

5

4

3

14-8

19

6

КМВА (Душанбе)

12

5

2

5

16-19

17

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

4

2

7

16-13

14

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

12

3

2

7

16-24

11

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

3

1

8

10-18

10

10

«Равшан» (Зафаробод)

13

2

4

7

11-28

10

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 тӯб, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол») – 8 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Мбеке Сиябатчу

Деудони («Истаравшан») – 5-тӯбӣ.

Даври 14-ум

Оғози бозиҳо – соати 16:30

2 сентябр (ҷумъа)

«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»

3 сентябр (шанбе)

«Истаравшан» – «Равшан» (Зафаробод)

«Равшан» (Кӯлоб) – КМВА

4 сентябр (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Файзканд» – «Истиқлол»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG