Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" мегӯяд, бесарнишини амрикоӣ аз Покистон омадааст


Мулло Муҳаммад Яъқуб
Мулло Муҳаммад Яъқуб

Вазири дифои Толибон иддао кард, ки Покистон ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро ба ҳарими ҳавоии худ роҳ додааст, то аз ин тариқ ба Афғонистон дохил шаванд. Иттиҳоме, ки Покистон пас аз ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Кобул рад карда буд.

Мулло Муҳаммад Яъқуб рӯзи 28-уми август дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ тавассути Покистон ба Афғонистон ворид шудаанд.

"Тибқи иттилои мо, онҳо аз ҳарими ҳавоии Покистон истифода мекунанд. Аз Покистон мехоҳем, ҳарими ҳавоии худро ба зидди мо истифода набарад," – афзуд ӯ.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон ба дархости хабаргузории "Рейтерс" дар ин маврид ҳанӯз посух надодааст, вале Исломбод даст доштани худро дар ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ ба Кобул рад карда буд.

Дар ҳамлаи моҳи июли имсол, ба иттилои мақомоти амрикоӣ, Айман Завоҳирӣ, раҳбари "Ал-Қоида", кушта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG