Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додани шиносномаҳои биометриро дар Русия қатъ кардаанд


GENERIC – Observing Russain foreign passsport through a magnifying glass
GENERIC – Observing Russain foreign passsport through a magnifying glass

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки додани шиносномаҳои биометриро ба “сабабҳои фаннӣ” боздоштааст.

Вазорат сабаби ин корро нагуфтааст, вале пештар аз ин дар Русия додани санадҳои дохилии биометриро ба сабаби норасоии чипҳои зарурӣ мутаввақиф карданд.

Бинобар таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия барои ҷанг дар Украина, Маскав аз хариди технологияҳои пешрафтаи компютерӣ маҳрум шуд.

Моҳи июн бонки давлатии Сбербанк гуфт, чипҳои куҳнаи кортҳои банкиро навсозӣ карда, барои кортҳои нави бонкӣ ба кор мебарад.

XS
SM
MD
LG