Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Эрон хоҳони дарёфти товон дар сурати хуруҷи президенти баъдии ИМА аз созиши ҳастаӣ аст


Шабакаи телевизионии CNN рӯзи сешанбеи 16-уми август аз қавли як манбаи дипломатӣ дар минтақа гузориш дод, ки Эрон дар тозатарин вокуниши худ ба матни ниҳоии тавофуқномаи эҳёи созиши ҳастаӣ, хостори замонатҳое шудааст, ки дар сурати хуруҷи президентии баъдии Амрико аз созиш, товон дарёфт хоҳад кард.

Эрон шаби душанбе ба матни ниҳоии пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо посухи хаттӣ додааст. Ҳарчанд ин посух ба таври ошкор нашр нашудааст, вале як узви баландпояи ҳайати гуфтугӯкунандаи Эрон дар "Твиттер" навиштааст, "тавофуқ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, вале аз ҳар вақти дигаре ба созиш наздик шудаем".

Як дипломати баландпояи кишварҳои минтақа, ки аз "охирин таҳаввулот" дар ин гуфтугӯҳо хабар дорад, ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, "яке аз нигарониҳои аслии Эрон эҳтимоли дигарбора берун рафтани ҳукумати Амрико аз созиши ҳастаӣ, ҳамчун тасмими Доналд Трамп дар соли 2018 ва ҷорӣ кардани таҳримҳои сахт дар нисбати Эрон аст".

Ин дипломат афзуд, "ба назар мерасад, ки дар ҳали ихтилофи ду тараф, ба хусус масъалаи таҳримҳои ғайримустақими ширкатҳои эронӣ, ки дар хориҷ аз он кишвар фаъолият мекунанд, пешрафтҳое сурат гирифтааст". Ӯ мегӯяд, "муҳимтарин монеъ бар сари роҳи барқарории созиш, шарти Эрон барои дарёфти товон дар сурати хуруҷи дигарбораи ҳукумати Амрико аз созиши ҳастаӣ аст".

Муҳаммад Марандӣ, яке аз мушовирони баландпояи ҳайати музокиракунандаи Эрон дар Вена низ ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки Эрон дар пайи дарёфти замонатҳое аст, ки дар сурати дигарбора берун рафтани Амрико аз созиши ҳастаӣ, "он кишвар маҷбур мешавад хароҷоти ин тасмимро бипардозад".

Оқои Марандӣ рӯзи душанбе низ дар "Твиттер" навишта буд, ки ихтилофҳо дар ду масъалаи дигар ҳал нашудаанд, вале ҳозир нашудааст дар ин бора шарҳ диҳад.

Дар ҳоли ҳозир Иттиҳоди Аврупо ва Қатар нақши миёнарав дар гуфтугӯҳо байни Эрон ва Амрикоро иҷро мекунанд. Муовини вазири корҳои хориҷии Қатар рӯзи шанбе барои мулоқот бо Алӣ Боқири Канӣ, раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон, ба Теҳрон рафт.

Сухангӯи Иттиҳоди Аврупо низ рӯзи сешанбе ба бахши эронии Радиои Озодӣ таъйид кардааст, ки посухи Теҳрон ба матни пешниҳодии Аврупо дар заминаи барқарории созиши ҳастаӣ дарёфт шудааст. Сухангӯи Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба ин хабар, ки бархе манбаъҳо дар Теҳрон мегӯянд, Аврупо барои вокуниш 48 соат фурсат дорад, гуфт, "Иттиҳоди Аврупо ҳамакнун дар ҳоли баррасии ин посух ва машварат бо дигар аъзои ин созишнома ва Амрико аст".

Ҳукумати Амрико то ба ҳол дар бораи посухи Эрон ба матни пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо изҳори назар накардааст. Вале сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи душанбе гуфт, "агар Эрон мехоҳад таҳримҳо аз байн бурда шаванд, бояд рафтори худро, ки боиси ҷорӣ шудани ин таҳримҳо шуд, тағйир диҳад".

Ҳусайн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи душанбе гуфт, агар Амрико ба пешниҳоди Эрон вокуниши воқеъбинона ва мантиқӣ нишон диҳад, "ду тараф дар остонаи созиши ниҳоӣ хоҳанд буд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG