Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мо аз Кӯлоб омадем, Москва равон шудем.” ВИДЕО


Қатораи роҳи оҳан аз Кӯлоб ба Волгогради Русия раҳсипор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Қатораи роҳи оҳан аз Кӯлоб ба Волгогради Русия раҳсипор шуд

Пас аз таваққуфи бештар аз ду сол қатораи Кӯлоб-Волгоград субҳи рӯзи 16-уми август ба Душанбе расид ва бегоҳ аз Душанбе ба самти Волгоград ҳаракат кард.

Дар истгоҳи “Роҳи оҳан”-и Душанбе мусофирони зиёде ба ин қатора билет харида, азми сафар доштанд. Аксари мусофироне, ки аз Душанбе ба қатораи хатсайри Кӯлоб-Волгоград менишастанд, ба шаҳри Маскав ва шаҳрҳои атрофи он сафар доштанд. Онҳо гуфтанд, ҳадафашон аз интихоби сафар бо қатора харҷи камтар аст.

Ҳайит Қулҷонов, сокини шаҳри Душанбе, ки мусофири ин қатора буд, пеш аз сафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “албатта барои мардум осон мешавад, барои мисол ман бо 1500 сомонӣ билет харидам. Агар билети ҳавопаймо бошад, 5500 сомонӣ аст, барои ман хеле пул сарфа мешавад, ки метавонам бо он чанд муддати дигар дар Русия зиндагӣ кунам.”

Аксари мусофирони қатораи Кулоб- Волгоград аз оғози ҳаракати дубора истиқбол мекунанд.

Ҳабиб, мусофири дигар гуфт, агар хуб мешуд, ҳаракати қатораҳо ба шаҳрҳои дигари Русия ҳам роҳандозӣ шавад. Бархе сокинон, ки барои гусели наздиконашон аз Кӯлоб то Душанбе дар ҳамин қатора омада буданд, шароити дохили қатораро хуб гуфтанд.

Бибимоҳ Муродова, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, “вагонҳои тоза, хушрӯ, барҳаво. Ман шаб ҳамроҳи бачаҳо омада будам. Соати 12:30-и шаб аз Кӯлоб ҳаракат кардем, соати 8-и саҳар расидем, хушрӯ омадем.”

Шаҳри Волгоград, маркази вилояти Волгогради Русия, дар 980-километрии шаҳри Маскав қарор дорад, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Самти роҳи қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия тавассути қаламрави Узбекистону Қазоқистон хоҳад гузашт. Ба фарқ аз солҳои гузашта самти ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия тағйир ёфта, аз ин ба баъд қаламрави Туркманистонро убур намекунад. Дар гузашта қатораҳои ин самт ҳудуди 8 соат дар Туркманистон ист мекарданд, ки сафари мусофиронро мушкил мекард.

Рӯзи 27-уми август қатораи дуюм, ин бор аз Душанбе ва 6-уми сентябр аз Хуҷанд ба самти шаҳри Волгогрдаи Русия ба роҳ мебароянд. “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишварҳои Узбекистону Қазоқистон ва Русия дар масъалаи сабукӣ ба муштариён низ ба мувофиқа расидааст. Ҳамин тавр ҳоло барои чиптаи хатсайри қатораи Душанбе- Волгоград сабукӣ эълон карда, ба ҷои 1500 сомонӣ 1300 сомонӣ фурухта истодаанд. Барқарор шудани ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки тахминан як моҳи ахир нархи чиптаи ҳавопаймоии ин масир як баробар гарон шуд.

Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия метавонад барои садҳо муҳоҷир хабари хуш бошад. Ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд. Охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия бо далели ҳамагирии COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро ба Тоҷикистон муваққатан қатъ карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG