Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои  V ҳамбастагии исломӣ


Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони шинохтаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони шинохтаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо – 15-уми август – ноком шуданд.

Дар мусобиқаи мардон Шаҳбоз Саидаброров, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ҳаким Агамамедови туркман мағлуб шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Сарахонов низ ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард ва дар вазни то 73 кило қувваозмоиро ба Наримон Мирзоев аз Озарбойҷон бохт.

Дар мусобиқаи занон Аҳлия Муъминова дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз варзишгари Узбекистон Диёра Келдиёрова ноком шуд. Шоҳида Қаландарова ҳам дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 57 кило аз намояндаи Туркманистон Гюзел Наврӯзова шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа оид ба ҷудо – 16-уми август - Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) дар рақобатҳо миёни мардон ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар мусобиқаи занон Тоҷикистонро Мавлуда Одинаева (-70 кг) намояндагӣ хоҳад кард.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар ҳафт рӯзи мусобиқот ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гашт. Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 27-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии ҳафт рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 234 медал (90 тило, 81 нуқра ва 63 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 112 медал (40 тило, 28 нуқра ва 44 биринҷӣ) ба зинаи дувум баромад. Мунтахаби Эрон бо касби 110 медал (37 тило, 31 нуқра ва 42 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 67 медал (20 тило, 27 нуқра ва 20 биринҷӣ), Қазоқистон - 68 медал (19 тило, 20 нуқра ва 29 биринҷӣ), Индонезия - 39 медал (12 тило, 9 нуқра ва 18 биринҷӣ), Марокаш - 37 медал (9 тило, 8 нуқра ва 20 биринҷӣ), Баҳрайн - 22 медал (9 тило, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ), Алҷазоир – 22 медал (7 тило, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) ва Қирғизистон бо касби 25 медал (7 тило, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 42 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 17 медал (3 тило, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 13-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки то рӯзи 18-уми август идома хоҳад кард, 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқот оид ба панҷ намуд – варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) – иштирок карданд. Онҳо боз дар мусобиқот оид ба камонварӣ, ҷудо ва каратэ-до ширкат доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG