Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи 27-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар байни 56 кишвар


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар ҳафт рӯзи мусобиқот ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар ин намуд медали тило насиби намояндаи Узбекистон Анвар Анваров (8.01) гардид, медали биринҷиро варзишгари турк Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст овард.

Ду паҳлавони тоҷик - Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Асламҷон барои дарёфти ҷойи сеюм ба варзишгари Эрон Паноҳистонӣ бо ҳисоби 8:0 ва Фирӯз ба варзишгари Узбекистон Тиркашев бо ҳисоби 8:1 пирӯз шуданд.

Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард. Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа чаҳор варзишгар ширкат дошт. Екатерина дар ду давр варзишгарони Эрон - Пагоҳ Кӯлоҳрудӣ ва Сумайя Мустафои Ҷаъфарухиро мағлуб кард, вале баъдан аз варзишгари Туркия Неслихон Каваш шикаст хӯрд ва ҷойи дувумро соҳиб шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 27-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии ҳафт рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 234 медал (90 тило, 81 нуқра ва 63 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 112 медал (40 тило, 28 нуқра ва 44 биринҷӣ) ба зинаи дувум баромад. Мунтахаби Эрон бо касби 110 медал (37 тило, 31 нуқра ва 42 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Озарбойҷон бо касби 67 медал (20 тило, 27 нуқра ва 20 биринҷӣ), Қазоқистон - 68 медал (19 тило, 20 нуқра ва 29 биринҷӣ), Индонезия - 39 медал (12 тило, 9 нуқра ва 18 биринҷӣ), Марокаш - 37 медал (9 тило, 8 нуқра ва 20 биринҷӣ), Баҳрайн - 22 медал (9 тило, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ), Алҷазоир – 22 медал (7 тило, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) ва Қирғизистон бо касби 25 медал (7 тило, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 42 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 17 медал (3 тило, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 13-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки то рӯзи 18-уми август идома хоҳад кард, 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик, ки 48 нафаранд, дар мусобиқот оид ба панҷ намуд – варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) – иштирок карданд. Онҳо боз дар мусобиқот оид ба камонварӣ, ҷудо ва каратэ-до ширкат доранд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG