Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба Тошканд


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов иштирок мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов, ки аз 22-юм то 27-уми август дар Ташканд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҷопон ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Жар», «Локомотив» ва «Пахтакор» баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н», ки аз 5-ум то 9-уми октябр дар Душанбе сурат мегирад, бо ҳамсолонашон аз Афғонистон, Тимори шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола

Даври 1-ум

22 август (душанбе)

18:00 – Узбекистон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Жар»

23 август (сешанбе)

16:00Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи «Локомотив»

Даври 2-юм

25 август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3-юм

27 август (шанбе)

16:00 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Узбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG