Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон"-и Бохтар ва "Равшан"-и Кӯлоб дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон пешсафанд


Пас аз танаффуси якмоҳа рӯзҳои 10-14-уми август бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозии марказии даври дувоздаҳум рӯзи 10-уми август миёни дастаҳои “Хуҷанд”- и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин дидор дастаи меҳмон – «Истиқлол» - бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

Ду бозии дигар рӯзи 12-уми август сурат гирифт. “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 ва “Файзканд”-и Восеъ дастаи меҳмон - «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

13-уми август “Эсхата”-и Хуҷанд дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Дар бозии охирини даври 12-ум, ки 14-уми август баргузор шуд, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии даври 12-ум дар ҷадвали мусобиқот ду даста - «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки 19-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафанд. «Файзканд»-и Восеъ бо 18 имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиклол»-и Душанбе бо касби 17 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ҳамагӣ 7 бозӣ анҷом додааст, аммо дастаҳои дигар 10-11 бозӣ кардаанд.

Бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷик истон рӯзҳои 20-21-уми август баргузор мешаванд. КМВА бо «Истаравшан», «Равшан» (Зафаробод) бо «Эсхата», «Регар-ТадАЗ» бо «Файзканд», «Равшан» (Кӯлоб) бо «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо «Хатлон» бозӣ мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022. Лигаи олӣ. Даври 12-ум:

10 август (чоршанбе):


«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 1:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов - аз пеналти 40 (0:1). Гонсало Ритако, 53 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (1:2).

12 август (ҷумъа):

«Файзканд» - «Равшан» (Зафаробод) - 2:1

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 28 (0:1). Элвин Мирзоев, 50 (1:1). Амирҷон Сафаров, 65 (2:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Ҷозеф Феумба («Файзканд»), 59 - фол «умеди охирин», Шаҳзод Абдураҳимов («Равшан» Зафаробод), 70 – барои таҳқири ҳариф.

«Истаравшан» - «Равшан» (Кӯлоб) - 3:0

Голҳо: Комрони Мирзохон, 34 – ба дарвозаи худ (1:0). Ҷаъфар Исмоилов, 56 (2:0). Комрони Мирзохон, 58 – ба дарвозаи худ (3:0).

13 август (шанбе):


«Эсхата» - КМВА - 3:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 13 (1:0). Дилшод Бозоров, 25 (2:0). Эраҷ Раҷабов, 45+2 – ба дарвозаи худ (2:1). Дилшод Бозоров, 75 (3:1). Парвиз Алиев, 88 (3:2).

14 август (якшанбе):

«Хатлон» - «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Сергей Прохоров, 20.

Аз майдон хориҷ шуд: Тони Бикатал («Хатлон»), 79 – корти 2-юми зард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

10

5

4

1

10-5

19

2

«Равшан» (Кӯлоб)

11

5

4

2

12-9

19

3

«Файзканд» (Восеъ)

11

5

3

3

14-16

18

4

«Истиқлол» (Душанбе)

7

5

2

0

21-5

17

5

“Истаравшан” (Истаравшан)

11

4

1

6

15-9

13

6

КМВА (Душанбе)

9

4

1

4

14-15

13

7

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

10

3

4

3

8-6

13

8

“Эсхата” (Хуҷанд)

11

3

2

6

16-22

11

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

1

6

10-14

10

10

«Равшан» (Зафаробод)

12

1

4

7

9-28

7

Даври 13-ум

20 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

КМВА – «Истаравшан»

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд»

21 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд»

«Истиқлол» – «Хатлон»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG