Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2022 аз тими Узбекистон шикаст хӯрд


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар Душанбе ҷараён дорад, аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дар ин бозии даври чаҳоруми мусобиқот, ки 10-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ду голи мунтахаби Убекистонро Шаҳриёр Ҷабборов ва як голи дигарро Пӯлодхуҷа Холдорхонов ба самар расониданд.

Бозии дигари даври чаҳорум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Эрон ва Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA -2022 , ки 5-уми август дар Душанбе оғоз ёфт, панҷ тими мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот дар қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвал бо касби шаш имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон бо касби панҷимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум ва чаҳорум қарор доранд. Мунтахаби Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум- ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври панҷум ва охирини мусобиқот рӯзи ҷумъа, 12-уми август, доир мегарданд. Соати 18:00 тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Узбекистон рақобат мекунанд. Баъдан соати 21:00 дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон бозӣ хоҳанд кард. Тамошои бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст.

Бояд гуфт, қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад. Рақибони футболбозони тоҷик дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа мебошанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

Узбекистон – Эрон – 2:2

Қирғизистон Афғонистон – 1:0

Даври 2-юм

Афғонистон – Тоҷикистон – 1:4

Қирғизистон – Узбекистон – 0:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон Қирғизистон 3:1

Эрон – Афғонистон 4:0

Даври 4-ум

Тоҷикистон – Узбекистон – 0:3

Эрон – Қирғизистон – 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

0

1

7-5

6

2

Эрон

3

1

2

0

8-4

5

3

Узбекистон

3

1

2

0

5-2

5

4

Қирғизистон

4

1

2

1

4-5

5

5

Афғонистон

3

0

0

3

1-9

0

Бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

12-уми август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG