Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуфтҳои чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 муайян шуд


Рӯзҳои 6-7-уми август бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуда, аз рӯи натиҷаҳо дастаҳое, ки ба чорякфинал роҳ ёфтанд, маълум гардиданд. Бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як дидор иборат буд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои ҳаштякниҳоӣ дар 1/4 финали Ҷоми кишвар «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе), «Саройкамар» (Панҷ) – «Хатлон» (Бохтар) ва ғолиби ҷуфти «Динамо» (Душанбе)/«Файзканд» (Восеъ) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) бозӣ хоҳанд кард. Бозиҳои чорякниҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми август баргузор мешаванд.

Бозии ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои «Динамо» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) дар рӯзҳои эҳтиётии тақвим сурат мегирад. Сабабаш иштироки бозигарони «Динамо» дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2022 дар Душанбе мебошад.

Ҷоми Тоҷикистон-2022

1/8 финал

«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод) – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 5 (1:0). Коуасси Инносент, 49 (2:0). Комрони Мирзохон, 57 (3:0). Сардорбек Матмуратов, 90 (3:1).

6 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе) – 0:1

Гол: Комрони Мирзонажод, 75.

6 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошобин.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

Голҳо: Парвиз Боқиев, 4 (0:1). Азизбек Султонов, 10 (1:1). Далер Ёдгоров, 29 (1:2). Азизбек Султонов, 73 (2:2). Сорбон Ғиёсов, 90+3 (3:2).

6 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4000 тамошобин.

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) – 6:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 13 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 29 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 33 (3:0). Шервонӣ Мабатшоев, 61 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (5:0). Шаҳром Сулаймонов, 78 (6:0).

6 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:0

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 43 (1:0). Дилшод Бозоров, 59 (2:0).

7 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2000 тамошобин.

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 1:0

Гол: Акмалҷон Авазов, 81.

7 август. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 2600 тамошобин.

«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан) – 2:0

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 56 (1:0). Равшан Азизов, 63 (2:0).

7 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 4200 тамошобин.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG