Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими Афғонистон пирӯз шуд


Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Афғонистон. Акс аз сомонаи ФФТ
Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Афғонистон. Акс аз сомонаи ФФТ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар Душанбе ҷараён дорад, тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Дар ин бозии даври дуюми мусобиқот, ки 6-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 14-уми дидор нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Ҳаитов кушод.

Баъди ҳафт дақиқа Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ ҳисобро баробар кард. Се голи дигарро ба дарвозаи мунтахаби Афғонистон Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашурмамадов дар нимаи дуюми бозӣ заданд.

Бозии дигари даври дуюм миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ва Узбекистон бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA -2022 , ки 5-уми август дар Душанбе оғоз ёфт, панҷ тими мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Дар даври аввали мусобиқот бозӣ миёни дастаҳои ҷавонони Узбекистон ва Эрон бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар бозии дигар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Бозиҳои даври сеюм шоми имрӯз, 8-уми август, доир мегарданд. Соати 18:00 тимҳои ҷавонони Эрон ва Афғонистон рақобат мекунанд. Баъдан соати 21:00 дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон бозӣ хоҳанд кард. Тамошои бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе то рӯзи 12-уми август доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян хоҳад шуд.

Дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола даҳ бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), дар нишасти матбуотӣ гуфт, қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагии даста ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи сентябри имсол дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ӯ афзуд, "рақибони мо дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа мебошанд. Вазифаи мо дар ҳар як бозӣ ғалаба карда, бозии хуб нишон додан ва ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҳамаҷониба омода шудан аст".

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

Узбекистон – Эрон – 2:2

Голҳо: Шерзод Эсанов, 49 (1:0). Шаҳриёр Ҷабборов, 81 (2:0). Муҳаммад Амин Хазбавӣ, 88 – аз пеналти (2:1). Амир Иброҳимзода 90 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Амин Хазбавӣ (Эрон).

5-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 250 тамошобин.

Қирғизистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Иброҳимбек Нурмат уулу, 36.

Беҳтарин бозигари дидор: Иброҳимбек Нурмат уулу (Қирғизистон).

5-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 350 тамошобин.

Даври 2-юм

Афғонистон – Тоҷикистон – 1:4

Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашурмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов (Салоҳиддин Эргашев, 86), Кабир Салимшоев (Иброҳим Зокиров, 61), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 61), Салам Ашурмамадов, Бежан Нишонбойзода (Фатҳулло Олимзода, 61), Суннатулло Азизов (Далер Шарипов, 61).

Беҳтарин бозигари дидор: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).

6-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 2700 тамошобин.

Қирғизистон – Узбекистон – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Султон Чомоев (Қирғизистон).

6-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 150 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Қирғизистон

2

1

1

0

1-0

4

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-1

3

3

Узбекистон

2

0

2

0

2-2

2

4

Эрон

1

0

1

0

2-2

1

5

Афғонистон

2

0

0

2

1-5

0

Бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

8-уми август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

10-уми август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

12-уми август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG