Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи автобусе дар Хорватия 11 нафар кушта шуд


Автобусе, ки зоҳиран аз Полша меомад, аз роҳи ҳаракат гашта ба поён сарозер шуд
Автобусе, ки зоҳиран аз Полша меомад, аз роҳи ҳаракат гашта ба поён сарозер шуд

Субҳи барвақти рӯзи 6-уми август дар натиҷаи садамаи автобусе, ки рақамҳои давлатии кишвари Полшаро дошту дар қаламрави Хорватия ҳаракат мекард, дастикам 11 нафар куштаву чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати корҳои дохилии Хорватия гуфт, ки фоҷеа дар роҳ ба шаҳри Загреб рух дод. Вазорат нагуфт, ки оё қурбониҳои ин фоҷеа шаҳрвандони кадом кишвар буданд.

Феълан танҳо ҳамин чиз маълум аст, ки тахминан соатҳои 5:40-и субҳи шанбе дар шоҳроҳи шимолии Загреб автобусе бо мусофиронаш аз роҳ берун шуд ва ба садама дучор гардид. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки дар мавсими тобистон шумори истироҳаткунандагон дар баҳри Миёназамини соҳилҳои Хорватия зиёд мебошад. Дар макони ҳодиса гурӯҳҳои наҷотбахш кор мебаранд.

XS
SM
MD
LG